Амрико бадунболи ҷаҳонисозии фишорҳо алайҳи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i28039-Амрико_бадунболи_ҷаҳонисозии_фишорҳо_алайҳи_Эрон
Баргузории нишасти Шӯрои амният ба дархости Амрико дар бораи эътирозҳо дар Эронро метавон таҳарруки дигаре аз сӯи Амрико барои идомаи хусуматварзиҳо ва мудохилоти бепоёнаш дар Эрон донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 06, 2018 22:24 Asia/Dushanbe
  • Амрико бадунболи ҷаҳонисозии фишорҳо алайҳи Эрон

Баргузории нишасти Шӯрои амният ба дархости Амрико дар бораи эътирозҳо дар Эронро метавон таҳарруки дигаре аз сӯи Амрико барои идомаи хусуматварзиҳо ва мудохилоти бепоёнаш дар Эрон донист.

Агарчи ин иқдоми Амрико ба як ифтизоҳи дигар барои давлати Трамп дар ҳавзаи  сиёсати хориҷӣ табдил шуд, бо ин ҳол ба ин таҳаррукоти Амрико бояд аз абъоду ҷанбаҳои амиқтаре таваҷҷуҳ кард .

Шӯрои амният дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи худ муқобили талоши Амрико барои буҳронсозӣ алайҳи Эрон истод ва бештари аъзои ин шӯро бар зарурати иҷрои комили БАРҶОМ ва адами мудохила дар умури дохилии дигар кишварҳо таъкид карданд .

Дар ин нишаст, ки бо мухолифати сареҳи Русия баргузор шуд, аксарияти кишварҳо вазъияти Эронро оддӣ ва мавзуи эътирозҳоро аз умури дохилии Эрон баршумурданд ва таъкид карданд, ки меҳвару тамаркузи Шӯрои амният бояд бар мавзуоти муҳиме аз ҷумла мубориза бо терроризм, сулҳи Ховари Миёна, ҳалли буҳрони Сурия ва ғайра бошад .

Саволе, ки ҳамчунон вуҷуд дорад, ин аст, ки оё Амрико бо чунин мухолифатҳое даст аз шарорат алайҳи Эрон бар хоҳад дошт?

Дар посух ба ин пурсиш ду нукта қобили таваҷҷуҳ ба назар мерасад:

Нуктаи аввал ин аст, ки рафтори Амрико ба хусус дар як соли ахир, ки Трамп зимоми умурро дар Амрико бадаст гирифтааст, мутаваҷҷеҳи пардозиши ҷарёнҳоест, ки тақобули Амрико бо Эронро аз вазъияти такбуъдӣ хориҷ кунад ва ба он абъоди байналмилалӣ бидиҳад.

Нуктаи дуввум дар ин равандҳо, навъи вокуниш ба ин рафторҳост, ки дорои ду ҷанбаи муҳим аст.

Ҷанбаи нахуст, посухи муносиби намояндагиҳо ва дастгоҳи дипломатии Эрон дар нишастҳо ва маҷомеи байналмилалӣ ба ин рафторҳост.

Аммо ҷанбаи муҳимтари ин масъала шинохти моҳияти аҳдоф ва равишҳо ва татеаҳои нарми душман барои нуфуз дар даруни суфуфи якпорча ва барҳам задани ваҳдати миллати Эрон дар муқобили душман аст.

Воқеият ин аст, ки Эрон бидуни боҷ додан ба қудратҳои ҷаҳонӣ саромади кишварҳои минтақа аст ва бо доштани зарфиятҳои бузурги иқтисодӣ метавонад бо чолишҳое монанди бекорӣ ва ё гаронӣ ва камбудҳову мушкилоти машатӣ дасту панҷа нарм кунад.

Аммо Амрико бо сенарияи таҳримсозӣ саъй дорад, танури танишсозӣ алайҳи Эронро дар сатҳи байналмилалӣ доғ нигаҳ дорад.

Ноам Чомский, сиёсатмадори амрикоӣ мегӯяд: “Амрико наметавонад як нерӯи мустақилро дар минтақа таҳаммул кунад. Вашингтон ба унвони омили аслӣ дар пушти эъмоли таҳримҳои шадид алайҳи Эрон қарор гирифта ва токунун низ ин масир идома ёфтааст”.