Январ 10, 2018 14:13 Asia/Dushanbe
  • Эътои медали “Ифтихор”-и Ожонси байналмилалии таҳқиқоти саратон ба профессори эронӣ

Медали “Ифтихор”-и Ожонси байналмилалии таҳқиқоти саратон ба сабаби солҳо талоши муассир ва ироаи дастоварди мутолеотии муҳим дар заминаи саратон, ба профессор Ризо Маликзода эъто шуд.

Маросими эътои медали “Ифтихор”-и таҳқиқоти саратон ба профессор Маликзода рӯзи гузашта бо суханони доктор Кристофер Войлд, раиси Ожонси байналмилалии таҳқиқоти саратон ва бо ҳузури донишмандон, муҳаққиқон ва саратоншиносони барҷастаи дунё дар мақарри ожонс баргузор шуд.

Ожонси байналмилалии таҳқиқоти саратон - ожонси тахассусии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва мақарри он дар Фаронса аст, ки фаъолияти худро аз соли 1965 бо маъмурияти таҳқиқоти густурда дар бораи саратон ва низ тарвиҷи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин замина оғоз кард.

Медали “Ифтихор”-и Ожонси таҳқиқоти саратон ба донишмандоне эъто мешавад, ки таҳқиқоти онҳо саҳми қобили таваҷҷуҳе дар дарки ҷаҳонӣ аз эпидемологияи саратон, шиносоии авомили эҷоди он, пешгирӣ ва кумак ба коҳиши ин бемории физоянда дошта бошад.

 Профессор Маликзода - муовини таҳқиқот ва фанноварии вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аст.

 

 

Барчасп