Январ 14, 2018 21:43 Asia/Dushanbe
  • Раиси созмони фазоӣ: Эрон дар илми фазо рутбаи нахусти минтақаро дорад

Раиси Созмони фазоии Эрон гуфт: Эрон аз назари рутбаи илмии фазо дар минтақа ҷойгоҳи аввал ва дар миёни кишварҳои дунё рутбаи ёздаҳумро дар ихтиёр дорад.

Муртазо Барорӣ, раиси Созмони фазоии Эрон бо баёни инки Эрон нуҳумин кишваре буд, ки тавонист дар дунё моҳвора ба фазо партоб кунад, афзуд: Ин муҳим дар 10 солаи нахусти фаъолиятҳои созмони фазоӣ иттифоқ афтод, ки нишондиҳандаи иқтидори донишмандону мутахассисони эронист .

Муовини вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон бо таъкид бар инки дар барномаи 10 солаи дуввуми ҳавзаи фазоӣ, таҳаррук дар иқтисоди фазо ниёз аст, чун иқтидору иқтисод ду боли санъати фанноварии фазоӣ ҳастанд, тасреҳ кард:Партоби моҳвора дар ҳавзаи иқтидори фазоӣ амалкарди бисёр хубе буд, аммо дар ҳоли ҳозир Эрон дар ҳавзаи иқтисоди фазоӣ ниёзманди таҳаввул аст .

Раиси Созмони фазоии Эрон бо таъкид бар тавлиди нармафзорҳои корбурдии фазоӣ, гуфт: Додаҳои дарёфтӣ аз фазо бисёр арзишманд аст ва созмони фазоӣ бино ба дархости дастгоҳҳои иҷроӣ, ин иттилоотро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад .