Январ 15, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Дар Эрон имрӯз азои умумӣ аст

Дар пайи бурузи ҳодисаи таассуфбор барои нафткаши эронии “Сончӣ” ва ҷони бохтани шуморе аз дарёнавардони дарёдил, давлати Эрон бо судури баёнияе, имрӯз (душанбе 15 яанвар)-ро азои умумӣ эълом кард.

Давлати Эрон бо судури баёнияе зимни арзи таслият ба хонаводаҳои доғдор, нақшафаринони санъати дарёнаврдӣ ва санъати нафти кишвар ва умуми миллати Эрон, имрӯз (душанбе)-ро мотами умумӣ эълом кард.

Шашуми январ як киштии бории чинӣ- гонконгӣ дар савоҳили шарқии Чин ба як нафткаши эронӣ бархӯрд кард. Ин ҳодиса сабаби инфиҷор ва оташсӯзӣ дар нафткаши Эрон шуд.

Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон, рӯзи якшанбе (14 январ), ғарқ шудани нафткаши эронии "Сончӣ" ва ҷон бохтани 32 хадамаи ин киштиро таъйид кард.

30 хадамаи ин нафткаш, эронӣ ва 2 хадама бангладешӣ буданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар паёме аз ҳамаи дастгоҳҳои марбута, аз ҷумла вазоратхонаҳои роҳ ва шаҳрсозӣ, нафт ва умури хориҷаи Эрон хост, бо анҷоми иқдомоти коршиносӣ, иллати вуқуи ин ҳодисаи таассуфборро ба диққат баррасӣ ва пайгирии қонунии лозимро барои пешгирӣ аз ҳаводиси мушобеҳ ва низ иҳқоқи ҳуқуқи миллати Эрон ва хонаводаҳои осебдида, анҷом диҳанд.