Январ 15, 2018 15:12 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Маҷмаи умумии конфронси маҷолиси исломӣ дар Теҳрон

20-умин нишасти Маҷмаи умумии конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ субҳи имрӯз (душанбе), бо ҳузури раисон ва ноиби раисони маҷолис ва ҳайатҳои парлумонӣ аз 44 кишвари узв дар Теҳрон, оғоз ба кор кард.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар ин нишаст бо баёни инки ҳамаи кишварҳои исломӣ зарфиятҳои хубе барои ҳамкорӣ доранд, гуфт, кишварҳои исломӣ бояд дар ҳамаи ин солҳо ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештаре мекарданд, ки чигуна зарфиятҳои иқтисодии кишварҳои исломӣ дар канори ҳам қарор гирад.

Лориҷонӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ин масирро тай мекунад ва авлавияти Теҳрон барои равобити иқтисодии кишварҳои исломӣ аст.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба буҳрони терроризм дар минтақа изҳор кард, ин масъала гирифториҳои ҷиддӣ барои кишварҳои исломӣ дуруст кардааст ва бояд дар баробари ин падида, ҳама бо ҳам муттаҳид шаванд ва Эрон низ омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои исломӣ дар мубориза бо терроризм аст.

Лориҷонӣ бо ибрози таассуф аз изҳороти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, изҳор кард, ҳеч раисиҷумҳуре набояд кишварҳои дигарро таҳқир кунад ва ин на фақат ба дӯстии кишварҳо кумак намекунад, балки шикофҳоро низ бештар хоҳад кард.

Ифтиттоҳияи сездаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ фардо (сешанбе), бо ҳузури раисиҷумҳурӣ ва раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон баргузор мешавад ва асри чаҳоршанбе низ бо интишори баёнияе ба кори худ поён хоҳад дод.