Сафари Зариф ба Амрикои Лотин - таъкид бар иртиқои равобит
(last modified Tue, 23 Aug 2016 14:04:52 GMT )
Август 23, 2016 19:04 Asia/Dushanbe
  • Сафари Зариф ба Амрикои Лотин - таъкид бар иртиқои равобит

Вазири умури хорҷаи Эрон дар дувумин мақсад аз сафари давраии худ ба Амрикои Лотин аз Гавана озими Манагуа- пойтахти Никарагуа шуд. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хорҷаи Эрон дар аввалин мақсади сафараш ба 6 кишвари Амрикои Лотин, рӯз якшанбе, вориди Гавана пойтахти Куба шуд ва дирӯз дар дидор бо мақомоти кубоӣ ба табодули назар дар хусӯси афзоиши муносиботи дуҷониба ва баррасии заминаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, байни Теҳрон ва Гавана пардохт.

Сафари Зариф ба Амрикои Лотин ба ҳамроҳи таркибе аз ҳайатҳои олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, баёнгари аҳамияти ҷойгоҳи кишварҳои ин минтақа барои Эрон аст.

Вазири умури хорҷаи Эрон бо ишора ба иҷрои тарҳҳои мутааддиди саноатӣ, тавассути ширкатҳои эронӣ дар кишварҳои Амрикои Лотин, тасреҳ кард, Эрон бо бештари кишварҳои Амрикои Лотин дорои равобити сиёсӣ аст ба тавре, ки теъдоди намояндагиҳояш дар ин минтақа ҳатто аз Осиё ҳам бештар аст.

Зариф ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои 50 сола ва 30 солаи Амрико зидди Куба ва Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша дар канори давлат ва  мардуми зулмситези Куба буда ва ҳаст.

Вазири умури хорҷаи Эрон дар маросими кушоиши нишасти муштараки иқтисодии Эрон ва Куба дар Гавана низ гуфт, акнун фурсати муносибе фароҳам шуда, то аз фурсати рафъи таҳримҳои зидди Эрон ва тағйири шароити он дар Куба, барои густариши равобити ду кишвар истифода шавад.

Вазири умури хорҷаи Эрон бо таъкид бар густариши равобити дуҷониба афзуд, Эрон ва Куба дорои иртибототи густурда дар саҳнаҳои сиёсӣ ва байналамиллӣ ҳастанд ва ин ҳамкориҳо дар заминаи иқтисодӣ бояд тақвият шавад.

Зариф дар дидор бо Родригес Паррилия-вазири умури хориҷаи Куба низ гуфт, мардуми Эрон ба қудратҳои бузург собит карданд, ки таҳрим наметавонд ононро аз сиёсат ва дидгоҳҳои худ дур кунад.

Вай бо баёни ин, ки имрӯз Эрон равобити ҷадидеро бо Куба оғоз кардааст, тасреҳ кард, ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои фановарӣ, технологӣ, биотехнологӣ ва доруӣ метавонад, дар ояндаи равобити ду кишвар табаллвур пайдо кунад.

Зариф бо баёни ин ки Эрон ва Куба метавонанд ҳамкориҳои байналмилалиро ҳамчун гузашта идома диҳанд ва тақвият кунанд, тасреҳ кард, Эрон ва Куба ҳамвора мавозеи муштарак дар муқобила бо истифода аз зӯр ва фишори иқтисодӣ ва мудохила дар умури дохилии дигар кишварҳо доштаанд.

Вазири умури хориҷаи Куба низ бо баён ин, ки ин кишвар аз иродаи комил ва тасмими қатъӣ барои иртиқои равобит бо Эрон бархӯрдор аст, гуфт, муваффақият ва пешрафт‎ҳои Эрон боиси ифтихори Куба аст.

Вазири умури хорҷаи Эрон бо Раул Кастро-раисиҷумҳури Куба низ дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба бавижа дар бахши иқтисодӣ ва масоили байналмиллалӣ гуфтугӯ карданд.

Густариши ҳамкори‎ҳои иқтисодӣ ва баргузории нишасти сарони Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо дар Венесуэла ва баррасии таҳаввулоти минтақаӣ ва байналамллӣ аз дигар мабоҳиси матраҳ шуда, дар дидори вазири умури хориҷаи Эрон ва раисиҷумҳури Куба буд.

Зариф ҳамчунин бо Рикардо Кабрисас-муовини раисиҷумҳур ва вазири иқтисоди Куба, дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба гуфтугӯ кард.

Бар асоси барномаи эълом шуда, сафари Зариф ба Амрикои Лотин аз Куба оғоз шуд ва ба тартиб ба кишварҳои Никарагуа, Эквадор, Чили, Боливия ва Венесуэла низ сафар хоҳад кард.

Дидор ва музокира бо тарафҳои сиёсии кишварҳои мақсад ва баргузории семинарҳои иқтисодии бахшҳои хусӯсӣ аз барномаҳои сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба 6 кишвари Амрикои Лотин аст.

Ҳайати иқтисодӣ шомили беш аз 60 нафар аз бозаргонон ва соҳибони ширкатҳои бахши хусусӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, вазири умури хориҷаи Эронро дар сафар ба Амрикои Лотин ҳамроҳӣ карданд.