Шикояти Эрон аз як муассисаи аврупоӣ барои пас гирифтан панҷ миллиард $
(last modified Sat, 20 Jan 2018 09:43:35 GMT )
Январ 20, 2018 14:43 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Эрон аз як муассисаи аврупоӣ барои пас гирифтан панҷ миллиард $

Бонки марказии Эрон шикоятеро алайҳи як муассисаи молии аврупоӣ танзим кардааст то чаҳор миллиарду 900 миллион доллар дороии худро аз ин бонк пас бигирад.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи “Хабар”, шикояти Эрон аз муассисаи молии “Клирстрим”-и Люксембург ба унвони яке аз муассисоти тобеи бурси Олмон назди додгоҳҳои Люксембург матраҳ шудааст.

Ҳадаф аз ин шикоят озодсозии дороиҳои басташудаи Бонки марказии Эрон аст.

Бар асоси ин шикоятнома, муассисаи “Клирстрим” бояд маҷмӯан ҳудуди чаҳор миллиарду 900 миллион доллар ба изофаи суд, онро ба Бонки марказии Эрон пардохт кунад. Дар ғайри ин сурат, созмони бурси Олмон муваззаф ба пардохти хисорат ба ҳамин мизон аст.

Ин рақам шомили ҳудудан як миллиарду 900 миллиондолларӣ аст, ки ба шокиёни амрикоии давлати Эрон таслим шудааст.