Январ 20, 2018 15:08 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Покистон барои равнақи гардишгарӣ

Эрон ва Покистон барои равнақи санъати гардишгарии ду кишвар қаторҳои гардишгарӣ роҳандозӣ мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Маҷиди Арҷунӣ, мудири кулли роҳи оҳани ҷануби шарқи Эрон рӯзи шанбе дар поёни нишасти дурӯзаи кумитаи муштараки ҳамлу нақли роҳи оҳани Эрон ва Покистон дар Исломобод гуфт, дар нишасти муштараки ҳамлу нақли роҳи оҳани Эрон ва Покистон тавофуқ шуд, ҳаракати қаторҳои мусофирбарӣ байни Зоҳидони Эрон ва Кувайтаи Покистон, ки ба далоили амниятӣ мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шавад.

Мудири кулли роҳи оҳани ҷануби шарқи Эрон гуфт, роҳи оҳани Покистон барои роҳандозии ин қатор ибрози тамоюл кардааст.

 Арҷунӣ афзуд, бар асоси ин тавофуқ метавон мусофирони ду кишвар, ба вижа зоирони шаҳрҳои зиёратии Эрон ва Ироқро бо роҳандозии қаторҳои мусофирӣ ҷобаҷо кард.

Нишасти муштараки ҳамлу нақли роҳи оҳани Эрон ва Покистон рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа дар Исломобод баргузор шуд ва бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.

Роҳи оҳани Кувайта - Зоҳидон ба тӯли 700 километр танҳо масири релеи Эрон ва Покистон аст.

 

Барчасп