Содироти маҳсулоти нанои Эрон ба 35 кишвари ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i28811-Содироти_маҳсулоти_нанои_Эрон_ба_35_кишвари_ҷаҳон
Тавлидкунандагони шиша ва оина бо фанноварии нано дар Эрон муваффақ шудаанд, маҳсулоти худро ба 35 кишвар аз чаҳор қораи ҷаҳон содир кунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 21, 2018 14:24 Asia/Dushanbe
  • Содироти маҳсулоти нанои Эрон ба 35 кишвари ҷаҳон

Тавлидкунандагони шиша ва оина бо фанноварии нано дар Эрон муваффақ шудаанд, маҳсулоти худро ба 35 кишвар аз чаҳор қораи ҷаҳон содир кунанд.

Ба гузориши ИРНА, ситоди вижаи тавсеаи фанноварии нанои Эрон дар гузорише эълом кард, 35 кишвар аз ҷумла Италия, Олмон, Шветсия, Хорватия, Полша, Юнон, Испания, Иморот, ҷумҳурии Озарбойҷон, Африқои Ҷанубӣ, Танзания, Бразилия ва Канада, шиша ва оинаҳои наноӣ аз Эрон ворид мекунанд.

Ҷадидтарин маҳсулоти тавлидкунандагони шиша ва оинаҳои нанои Эрон шомили “Eco gold”, “Eco bronze”,  “Eco blue” ва “Eco silver” аст.

Ин шишаҳо илова бар доро будани тамоми вижагиҳои шишаҳои рефлекс, аз хосияти контроли энержӣ ва сарфаҷӯӣ дар масрафи энержии сохтумон, дар тамоми фаслҳои сол низ бархӯрдор ҳастанд.