Январ 21, 2018 17:53 Asia/Dushanbe
  • Такрори иддаои воҳии вазири хориҷаи Арабистон зидди Эрон

Вазири хориҷаи Арабистони ‌Саудӣ, дар иддаое беасосу такрорӣ зидди Эрон, муддаӣ шуд: Эрон ба қочоқи силоҳу мушак барои ҳусиҳо дар Яман бо ҳадафи таарруз ба Арабистон идома медиҳад.

Одил Алҷубайр, вазири хориҷаи ‌Саудӣ дар Нишасти вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷидда, ки ба дархости Арабистон барои баррасии ҳамалоти мушакии Ансоруллоҳи Яман ба Риёз баргузор шуд, иддао кард: Бояд ҷилави тадовуми ҳимоятҳои молӣ ва таслеҳотии Эрон аз  Ансоруллоҳи Яман гирифта шавад .

Иддаоҳои вазири хориҷаи Арабистони ‌Саудӣ зидди Эрон дар ҳолест, ки ҳамлаи Арабистон ба Яман, ки бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 оғоз шуда, токунун ба кушта шудани беш аз сездаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва овора шудани миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст .

Ҷумҳурии исломии Эрон, борҳо бо маҳкум кардани таҷовузи Арабистон ба Яман ва дархости таваққуфи ҷанг дар Яман эълом кардааст: Такрори иддаоҳои кизби Арабистони ‌Саудӣ зидди Эрон аз бори масъулияти инсонӣ ва байналмилалии касоне,  ки ҷиноёти зиште муртакиб шудаанд, нахоҳад кост .

Теҳрон ҳамчунин ба мақомоти Риёз тавсия кардааст, ба иштибоҳоти худ идома надиҳад ва бо узрхоҳӣ аз мардуми Яман, заминаро барои таваққуфи ҷанг ва шуруи гуфтугӯҳои фарогир фароҳам кунанд .

 

Барчасп