Террористҳо дар Эрон маҷоли таҳаррук надоранд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2887
Вазири иттилооти Эрон таъкид кард, террористҳо дар Эрон маҷоли таҳаррук надоранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 24, 2016 14:38 Asia/Dushanbe
  • Террористҳо дар Эрон маҷоли таҳаррук надоранд

Вазири иттилооти Эрон таъкид кард, террористҳо дар Эрон маҷоли таҳаррук надоранд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Сайид Маҳмуд Алавӣ, вазири иттилооти Эрон дар як барномаи телевизионӣ гуфт, душман тавони худро ба кор гирифтааст то зарбае ба амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон ворид кунад, аммо бо ҳушёрии нерӯҳои Вазорати иттилоот ва ҳамкории дастгоҳҳои асаргузор дар барқарории амният ноком мондааст.

Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин бо таъкид бар ин ки Вазорати иттилооти ин кишвар нафаси террористҳоро банд овардааст, гуфт: "Мо дар муносибатҳои мухталиф ба террористҳо пайғом додаем, ки хаёли иқдоми террористӣ дар Эронро аз ёд бубаранд".

Алавӣ бо ишора ба иқдомоти анҷомшуда дар бархурд бо гурӯҳакҳои террористӣ дар ғарби Эрон афзуд, дар рӯзҳои ахир бо тиме аз гурӯҳаки "Мунофиқин" дар ғарби Эрон бархурд шуд, ки дар ҳоли кандани нақб барои эҷоди ноамнӣ дар теъдоде аз посгоҳҳои шарқии Эрон будаанд.

Вазири иттилооти Эрон бо ишора ба амалиёти анҷомшуда зидди гурӯҳакҳои террористӣ дар ғарби Эрон гуфт, дар ин амалиёт фармондеҳи Мусили ДИИШ кушта ва се нафари дигар аз онон дастгир шуданд.