СММ: Эрон беш аз тааҳҳудаш ба паноҳандагон хидмат мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i28897-СММ_Эрон_беш_аз_тааҳҳудаш_ба_паноҳандагон_хидмат_мекунад
Раиси дафтари намояндагии Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар устони Форс, ҷануби Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз мизони мушаххасшуда ба паноҳандагон хидматрасонӣ мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 23, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • СММ: Эрон беш аз тааҳҳудаш ба паноҳандагон хидмат мекунад

Раиси дафтари намояндагии Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар устони Форс, ҷануби Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз мизони мушаххасшуда ба паноҳандагон хидматрасонӣ мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Александр Кишара рӯзи сешанбе дар ҳамоиши «Афғонистоншиносӣ» дар Шероз ҳамчунин гуфт, нақши Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон нақши ҳимоятӣ аст ва нақши аслиро дар кумак ба паноҳандагон Ҷумҳурии Исломии Эрон худ ифо мекунад. Ӯ афзуд, бар асоси роҳбурди тавофуқшуда миёни Эрон, Афғонистон, Покистон ва Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, муқаррар шудааст, ба ҳавзаҳое монанди омӯзишу парвариш, беҳдошт ва дармон ва маишати паноҳандагон ба сурати хос таваҷҷуҳ шавад. Раиси дафтари намояндагии Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар устони Форс аз давлату миллати Эрон ба далели ҳимоят аз паноҳандагон, бавижа паноҳҷӯёни афғон қадрдонӣ кард.

Ҳамакнун беш аз ду миллион муҳоҷири афғон дар Эрон зиндагӣ мекунанд ва мақомҳои Афғонистону Созмони Милали Муттаҳид борҳо аз ҳимоятҳои Эрон аз миллату давлати Афғонистон қадрдонӣ кардаанд.