Январ 24, 2018 15:32 Asia/Dushanbe
  •  Бозкушоии ҷаъбаи сиёҳи киштиҳои ҳодисасоз - имрӯз

Сарконсули Эрон дар Шангхайи Чин гуфт, ҷаъбаҳои сиёҳи нафткаши эронии “Сончи” ва киштии борӣ (фаллабар)-и чинии “Кристал” бо ҳузури намояндагони кишварҳои муртабит бо ҳодиса имрӯз (чаҳоршанбе) дар Шангхай боз мешавад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Алиризо Эрваш афзуд, баъд аз боз кардани ҷаъбаҳои сиёҳ додаҳо истихроҷ ва ба кишварҳои муртабит бо ҳодиса таҳвил дода мешавад.

Вай дар бораи натиҷаи додаҳои ҷаъбаҳои сиёҳи нафткаши “Сончи”  ва киштии борбари чинии “Кристал” изҳор кард, ин кор бояд бо диққат ва сиҳҳати комил баррасӣ шавад ва мумкин аст замонбар бошад.

Дар ҳамин ҳол, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон аз дархости  ин кишвар аз Созмони байналмилалии дарёнавардӣ барои баррасии дақиқи абъоду осори ҳодисаи киштии “Сончи” хабар дод.

Ҳамиди Баидинажод дар посух ба номаи ибрози ҳамдардии Китак Лим (Kitack Lim), дабири кулли Созмони байналмилалии дарёнавардӣ бо хонаводаҳои ҷонбохтагони эронии киштии нафткаши “Сончи” дархост кард, ин созмон нишасте тахассусиву фаннӣ бо ҳузури кишварҳои узв барои баррасӣ ва осори ин ҳодиса баргузор кунад.

Шашуми январи соли 2018 як киштии бории чинӣ- ҳонконгӣ дар савоҳили шарқии Чин ба як нафткаши эронӣ бархурд кард, ки ин ҳодиса ба инфиҷору оташсӯзии нафткаши эронӣ мунҷар шуд.

32 хадамаи нафткаши эронӣ (30 эронӣ ва ду бангладешӣ) дар ин ҳодиса ҷон бохтанд ва дар ниҳоят киштӣ ғарқ шуд.