Январ 25, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи гардишгарии 10 кишвари узви ЭКО

Муовини сармоягузорӣ ва барномарезии Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон аз имзои тафоҳумномаи гардишгарӣ бо кишварҳои узви ЭКО хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Саиди Авҳадӣ рӯзи панҷшанбе ҳамчунин гуфт, муаррифии шаҳри Табризи Эрон ба унвони Пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2018 ва шаҳри Ҳамадон ба унвони пойтахти гардишгарии Осиё дар соли 2018, таъсири мусбате бар санъати гардишгарии Эрон дар ҷазби гардишгари хориҷӣ дорад.

Авҳадӣ гуфт, Эрон бо 22 асар, ки дар ЮНЕСКО сабти ҷаҳонӣ шудаанд, 34 ҳазор асари миллӣ ва ҳамчунин як миллион асари фарҳангӣ ва таърихӣ, зарфияти муносибе барои гардишгарӣ дорад.

Муовини сармоягузорӣ ва барномарезии Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон, гуфт, 70 то 80 дарсади гардишгарон аз 10 кишвари узви ЭКО ба Эрон меоянд.

ЭКО як созмони иқтисодии минтақаӣ аст ва Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, 10 узви ин созмон ҳастанд.

Барчасп