Маҳкумияти ҷиноятҳои режими Исроил тавассути бузургтарин гурӯҳи мусулмонон дар Амрико
-
Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ (CAIR)
Порс Тудей — Бузургтарин гурӯҳи мусулмонон дар Амрико ҳамлаҳои режими саҳюнистиро, ки мунҷар ба шаҳодати дастикам 7 фаластинӣ, аз ҷумла як навзоди 7-моҳа шуд, маҳкум кард.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории «Меҳр», Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ (CAIR) дар баёнияе ҳамлаҳои режими саҳюнистиро, ки мунҷар ба шаҳодати дастикам 7 фаластинӣ, аз ҷумла як навзоди 7-моҳа шуд, маҳкум кард.
Дар баёнияи Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ (CAIR) омадааст: «Қатли як навзоди 7-моҳа тавассути нерӯҳои Исроил дар Каронаи бохтарӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ ишғол шуда, ҷинояти ваҳшатнокест, ки бояд виҷдони ҳар инсонеро мутаассир кунад».
Ин меафзояд: «Ҳеҷ нерӯи низомӣ, ки борҳо кӯдакон, кадри пизишкӣ, рӯзноманигорон ва ғайринизомиёнро бо истифода аз силоҳҳои таъминшуда тавассути молиётсупорандагони амрикоӣ мекушад, набояд ҳамчунон аз масуният ё ҳимоят бархӯрдор бошад. Мо аз давлати Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳем, то аз кумак ба ин ҷиноятҳо даст бардоранд ва иқдомоти мушаххасеро барои муҳофизат аз ғайринизомиёни фаластинӣ, поён додан ба ишғол ва риояти қавонини байналмилалӣ анҷом диҳанд».