Эрон дар Қирғизистон муассисаи илмӣ ва омӯзишӣ месозад
(last modified Thu, 25 Jan 2018 17:22:12 GMT )
Январ 25, 2018 22:22 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар Қирғизистон муассисаи илмӣ ва омӯзишӣ месозад

Бар асоси тафоҳумномаи муштараки Донишгоҳи улумпизишкии устони Симнони Эрон ва Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, муассисае дар ҳавзаи ҳамкориҳои илмӣ ва ҷазби донишҷӯ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон эҷод мешавад.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси тафоҳумномае, ки рӯзи панҷшанбе байни Ҳайдар Алиев, раиси Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ва Маҳдии Шоданваш, раиси Донишгоҳи улумпизишкии устони Симнон (шарқи Теҳрон) ба имзо расид, Донишгоҳи улумпизишкии Симнон дар заминаи таъсиси муассисаи илмӣ барои фаъолитҳои ҳавзаи дармон, беҳдошт, таҳқиқот ва семинарҳои илмии муштарак дар Қирғизистон, мушорикат мекунад.

Ба гуфтаи раиси Донишгоҳи улумпизишкии устони Симнони Эрон, тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни ин донишгоҳ ва Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, дарвозаи фаъолитҳои ҳавзаи беҳдошт ва дармони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи Евразия аст.

Раиси Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ҳам бо ишора ба мақоми дуввуми ин донишгоҳ байни кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ гуфт, се ҳазор донишҷӯ бо миллиятҳои мухталиф дар донишгоҳи Бишкек, таҳсил мекунанд.

Вай афзуд, Қирғизистон дар бахши беҳдошт ва дармон ниёзманди ҳамкории бештар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ҳайати эъзомии Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, рӯзи панҷшанбе аз бахшҳои омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва дармонии Донишгоҳи улумпизишкии устони Симнон дидан кард.