Январ 27, 2018 17:09 Asia/Dushanbe
  • Бартарин донишгоҳҳои эронӣ дар рутбабандии ҷаҳонии

Бар асоси ҷадидтарин гузориши низоми рутбабандии ҷаҳонии “Webometrics”, ҳашт донишгоҳи эронӣ дар байни ҳазор донишгоҳи бартари ҷаҳон, қарор гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, низоми рутбабандии ҷаҳонии “Webometrics”, вироиши моҳи январи 2018-ро эълом кард, ки мабнои ин рутбабандӣ бар асоси чаҳор шохис, теъдоди сафаҳоти веби донишгоҳ, теъдоди истинодот, теъдоди мақолоти кайфӣ ва теъдоди линкҳои дода шуда ба сайти донишгоҳ аст.

10 донишгоҳи бартари Эрон дар вироиши моҳи январи 2018-и низоми рутбабандии ҷаҳонии “Webometrics”, донишгоҳҳои Теҳрон, улумпизишкии Теҳрон, Санъати Шариф, санъатии Амир Кабир, Тарбият мударрис, санъатии Исфаҳон, илм ва санъати Эрон, Фирдавсии Машҳад, улумпизишкии Шаҳид Биҳиштӣ ва Шероз ҳастанд.

Аз ин теъдод ҳашт донишгоҳ дар байни ҳазор донишгоҳи бартари ҷаҳон, қарор доранд.

Бар асоси ин рутбабандӣ, дар бахши ҷаҳонӣ донишгоҳҳои «Хорворд», «Стенфорд», Институти фанноварии «Массачусетс», «Калифорния  Беркли», «Вашингтон», « Мичиган », «Оксфорд», «Корнелл», «Колумбия» ва «Пенсилвания», 10 рутбаи аввалро ба худ ихтисос додаанд.