Январ 28, 2018 14:21 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи Машҳад - шаҳри ҷаҳонии гавҳари сангҳо дар иқтисоди Эрон

Машҳад ба унвони шаҳри ҷаҳонии саноати дастии гавҳари сангҳо, ҷойгоҳи вежае дар иқтисоди Эрон дорад.

Малиҳа Султонӣ, дабири Шӯрои ҷаҳонии саноати дастии гавҳари сангҳо, афзуд, гавҳари сангҳо дар тамоми дунё дар арсаи иқтисодӣ, ҷойгоҳи вежае доранд ба таврн, ки 65 дарсад аз бозаргонони чинӣ дар ин арса фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи вай, авомили мухталифе монанди сохтори гавҳарсоз будани заминшиноси Хуросони Разавӣ (шимолу шарқи Эрон), рафту омади зоирон ва мусофирон ба ин устон (ба марказияти Машҳад) ва таъкиди маъсумини дин дар аҳодис ва ривоёт мабни бар истифода аз сангҳое, ҳамчун ақиқ ва фирӯза, сабаби интихоби Машҳад ба унвони шаҳри ҷаҳонии саноати дастии гавҳари сангҳо шудааст.

Коршиноси Идораи мероси фарҳангии Хуросони Разавӣ, ҳамчунин рамзи муваффақияти корофаринонро баста ба ду омил "омӯзиши саҳеҳ" ва "мушаххас кардани бозори кор", барои шиносоии муштариён ва салиқаи онҳо унвон кард.

Бо таъйиди Шӯрои ҷаҳонии саноати дастӣ (WCC) ва бо ҳадафи иртиқои сатҳи зиндагии мардум, нигаҳдорӣ аз саноати дастӣ, иштиғолзоӣ ва тарвиҷи халлоқият дар ҳавзаи саноати дастӣ, шаҳри Машҳад дар мурдодмоҳи 1395 (августи 2016), ба унвони шаҳри ҷаҳонии саноати дастии гавҳари сангҳо интихоб шуд.