Январ 28, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
  • Рушди ҳамли бори рейлии байни Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Мудири кулли роҳи оҳани Хуросон, шимоли шарқи Эрон гуфт: Дар соли 2017 ҷобаҷоии рейлии колои байни Эрону кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тариқи марзи Сарахс, шимоли шарқи Эрон дар муқоиса бо соли 2016 понздаҳ дарсад афзоиш доштааст.

Муҳаммадҳодии Зиёимеҳр дар гуфтугӯ бо Ирно афзуд: Табодулоти бор дар соли 2017 2 миллиону 12 тонна шомили содирот, воридот ва транзити коло буда, ки аз тариқи марзи рейлии Сарахс бо Туркманистон анҷом шудааст .

Мудири кулли роҳи оҳани Хуросон изҳор кард: Аз ин мизон як миллиону 300 ҳазор тонна марбут ба транзити коло буда, ки ин мизон низ дар муқоиса бо соли 2016 50 дарсад афзоиш доштааст .

Зиёимеҳр тасреҳ кард: Табодулоти рейлӣ аз марзи Сарахси Эрон бо Туркманистон 45 дарсад буда ва боқии ҳамлу нақли рейлии бор бо убур аз хоки Туркманистон ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом шудааст .

 

Барчасп