10 сол ҳабс барои ҷосуси санъати ҳастаӣ дар Эрон
Январ 29, 2018 15:43 Asia/Dushanbe
Додситони умумӣ ва инқилоби Теҳрон-пойтахти Эрон, аз ҳукми 10 сол ҳабс барои як муттаҳам ба ҷосусӣ, хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Аббоси Ҷаъфарии Давлатободӣ имрӯз (душанбе) дар 25-умин ҷаласаи Шӯрои муовинони Додсарои Теҳрон гуфт, ин муттаҳам аз тариқи эҷоди иртибот бо системаи иттилоотии бегона ва барқарории ҳаддиақал 14 мулоқот бо афсарони иттилоотии режими саҳюнистӣ, бисёре аз иттилооти марбут ба санъати барқ ва ҳастаии Эронро дар ихтиёри сервисҳои бегона қарор дода буд.
Ба гуфтаи Додситони Теҳрон, ин ҷосус, ки ба 10 сол зиндон маҳкум шудааст, дар қиболи дарёфти 140 ҳазор евро, иқдом ба фурӯши иттилоот карда буд.