10 сол ҳабс барои ҷосуси санъати ҳастаӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i29197-10_сол_ҳабс_барои_ҷосуси_санъати_ҳастаӣ_дар_Эрон
Додситони умумӣ ва инқилоби Теҳрон-пойтахти Эрон, аз ҳукми 10 сол ҳабс барои як муттаҳам ба ҷосусӣ, хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 29, 2018 15:43 Asia/Dushanbe
  • 10 сол ҳабс барои ҷосуси санъати ҳастаӣ дар Эрон

Додситони умумӣ ва инқилоби Теҳрон-пойтахти Эрон, аз ҳукми 10 сол ҳабс барои як муттаҳам ба ҷосусӣ, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Аббоси Ҷаъфарии Давлатободӣ имрӯз (душанбе) дар 25-умин ҷаласаи Шӯрои муовинони Додсарои Теҳрон гуфт, ин муттаҳам аз тариқи эҷоди иртибот бо системаи иттилоотии бегона ва барқарории ҳаддиақал 14 мулоқот бо афсарони иттилоотии режими саҳюнистӣ, бисёре аз иттилооти марбут ба санъати барқ ва ҳастаии Эронро дар ихтиёри сервисҳои бегона қарор дода буд.

Ба гуфтаи Додситони Теҳрон, ин ҷосус, ки ба 10 сол зиндон маҳкум шудааст, дар қиболи дарёфти 140 ҳазор евро, иқдом ба фурӯши иттилоот карда буд.