Январ 30, 2018 15:13 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳадафи Амрикоро аз интиқоли террористҳои ДИИШ ба Афғонистон, тавҷеҳи идомаи ҳузури худ дар минтақа ва эҷоди амният барои режими саҳюнистӣ донистанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои ҷаласаи дарси фиқҳи худ, бо ибрози таассуфи амиқ аз куштори мардуми бегуноҳ дар ҳамалоти террористии ахири Афғонистон, гуфтанд: Барои террористҳои мавриди ҳимояти Амрико, шиаву суннӣ фарқ намекунаду мардуми ғайринизомӣ аъм аз шиаву суннӣ ҳадафи онҳо ҳастанд .

Эшон бо ишора ба масъули будани ДИИШ дар террори садҳо нафар аз мардум дар ҳаводиси моҳҳои ахири Афғонистон гуфтанд: Ҳамон дастҳое, ки бо эҷоди ДИИШ, онро абзоре барои зулму ҷиноят алайҳи мардум дар Сурияву Ироқ қарор доданд, имрӯз пас аз шикаст дар он ду кишвар, ба дунболи интиқоли ДИИШ ба Афғонистон ҳастанд ва кушторҳои ахир дар воқеъ оғози ҳамин нақша аст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Сиёсати дараҷаи аввали амрикоиҳо он аст, ки ин минтақа рӯи хуш набинад ва давлатҳову миллатҳои минтақа ба худ машғул бошанд, то ба фикри рӯёрӯӣ бо омили хабиси истикбор яъне саҳюнизм наафтанд .

Раҳбари инқилоби исломӣ, ҳадафи баъдии Амрикоро аз эҷоди ноамнӣ, муваҷҷаҳ кардани ҳузури худ дар минтақа донистанду афзуданд: “Амрикоиҳо худ омили аслии ноамнӣ дар Афғонистон ҳастанду кушторҳое, ки ба исми мазҳаб дар ин кишвар аз ҳудуди бист сол қабл шуруъ шуд, мустақим ё ғайримустақим ба василаи авомили Амрико буд. Акнун низ ба дунболи онанд, ки бо эҷоди ноамнӣ, ҳузури худро таъмин кунанду аҳдофи сиёсӣ ва иқтисодиашонро пеш баранд”.

 

Барчасп