Шабакаи эронии филму силсилафилм барои Тоҷикистону Афғонистон
Январ 30, 2018 17:53 Asia/Dushanbe
Муовини бурунмарзии раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз роҳандозии шабакаи "Ай филм-2" бо ҳадафи пахши филмҳои синамоӣ ва силсилафилм барои мухотабони тоҷикистонию афғонистонӣ хабар дод.
Паймон Ҷибиллӣ, шомгоҳи душанбе дар маросими шашумин солгарди таъсиси шабакаи телевизионии испанизабони Эрон “Испан" ТВ гуфт: «Дар ҳавзаи тамаддуни форсӣ ва тамаддуни эронӣ ба зудӣ шоҳиди роҳандозии шабакаи “Ай филм-2”, яъне “Ай филм”-и форсӣ барои кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон хоҳем буд».
“Ай филм” як шабакаи телевизионии эронӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир бо се забон, арабӣ, англисӣ ва форсӣ барои мухотабони эронӣ дар саросари ҷаҳон ба сурати 24-соата филму силсилафилмҳои эронӣ пахш мекунад.