Январ 31, 2018 17:32 Asia/Dushanbe
  • Рушди чашмгири содироти Эрон ба Қатар

Мудири кулли дафтари арабии африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон­ аз рушди чашмгири содироти Эрон ба Қатар дар 9 моҳаи гузаштаи соли 1396 хуршедӣ хабар дод.

Фарзоди Пилтан, мудири кулли дафтари арабии африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт: Содироти Эрон ба Қатар­дар 9 моҳи гузашта 188 миллион доллар будааст .

Вай афзуд: Умдатарин ақломи содиротии Эрон ба Қатар шомили қир, нафт, мева ва сабзавот, сементҳои пудрнашудаи мавсумам ба клинкер, лабаниёт, санги гач, каф‌пушҳо, сементи сафед, юнҷа, обмеваи ғализшуда, сементи сафеди портланд ва маҳсулоти оҳан ё фулод будааст .

Пилтан бо ибрози умедворӣӣ дар бораи дастёбӣ ба ҳадафи 200 миллион долларии содирот ба Қатар то поёни соли ҷории хуршедӣ, аз барномарезии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон барои рушди 100 дарсадии солонаи содирот ба Қатар то соли 2022 хабар дод .

Пас аз муҳосира шудани Қатар аз сӯи Арабистон, Баҳрайн ва Иморот, Давҳа бештари ниёзҳои худро аз Эрону Туркия таъмин мекунад .