Феврал 05, 2018 12:28 Asia/Dushanbe

Мудири кулли мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии устони Хуросони Разавӣ дар шимоли шарқи Эрон ва раиси Кумитаи миллии гардишгарии ҷумҳурии Тотористони Русия тафоҳумномаи ҳамкории гардишгарӣ имзо карданд.

Абулфазли Мукаррамифар, мудири кулли мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии устони Хуросони Разавии Эрон шомгоҳи якшанбе дар дидори Сергей Иванов, раиси Кумитаи миллии гардишгарии ҷумҳурии Тотористони Русия дар Машҳад гуфт, бо имзои ин тафоҳумнома шаҳри Қазон - маркази ҷумҳурии Тотористони Русия метавонад баъд аз Маскав ва Санкт-Петербург, мақсади савуми гардишгарони эронӣ дар он кишвар бошад.

Мукаррамифар бо баёни ин ки устони Хуросони Разавӣ дар ҳавзаи гардишгарии зиёрат матраҳ аст, афзуд, дар ҳавзаи саноеи дастӣ, мафохир ва машоҳир, гардишгарии саломат, гардишгарии варзишӣ ва гардишгарии табиат устони Хуросони Разавӣ ва шаҳри Қазон метавонанд ҳамкориҳои хубе бо ҳам дошта бошанд.

Сергей Иванов низ дар ин дидор бо баёни ин ки дувумин бор аст ба шаҳри Машҳад сафар мекунад, гуфт, доштани робита бо Эрон ва Хуросони Разавӣ барои ҷумҳурии Тотористони Русия муҳим ва арзишманд аст.

Баргузории намоишгоҳи ихтисосии гардишгарии Эрон дар Қазон ҳамзамон бо Ҷоми ҷаҳонии Русия, омодагии донишгоҳҳо ва муассисоти омӯзиши олӣ барои ҳамкорӣ дар баргузории давраҳои кӯтоҳмуддати гардишгарӣ, ҳутелдорӣ ва экотуризм ва даъват аз  Сергей Иванов ва сармоягузорони бахши хусусии гардишгарии ҷумҳурии Тотористон барои ҳузур дар намоишгоҳи гардишгарии Машҳад дар июли 2018, аз дигар мавзӯоте буд, ки дар нишасти муштараки масъулони Эрон ва ҷумҳурии Тотористони Русия дар Машҳад унвон шуд.

 

Барчасп