Феврал 05, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Инқилоби Исломӣ; Иқтисоди муқовиматӣ, тавлиди миллӣ ва иштиғол

Низоми Ҷумҳурии исломӣ ба думболи пешрафти ҳамаҷониба, истиқлол аз қудратҳои султагари ҷаҳонӣ, шукуфоии истеъдодҳо, раҳоии кишвар аз осибҳои иҷтимоӣ ва иззату амният ва иқтидори миллӣ аст.

Амрико пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ аз қудрати сахт ва қудрати нарм дар абъоди низомӣ ва иқтисодӣ алайҳи Эрон истифода кард, аммо натавонист чизе аз арзишҳои ин инқилоб кам кунад,чаро, ки миллати Эрон моҳият ва тарфандҳои Амрикоро ба хубӣ мешиносад ва бо истодагӣ дар муқобили фишорҳо ва бо таҳаммули мушкилоти иқтисодӣ ба зиёдахоҳиҳои Амрико, "на" гуфт.

Бисёре аз кишварҳо ба хотири буҳронҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ, ки дар сатҳи ҷаҳон рух дод ва кишварҳое, ки даргири фишорҳои Амрико дар қазияи таҳримҳои як ҷонибаи Амрико шуданд, бо шароити нопойдорн рӯбарӯ шуданд; Аммо миллати Эрон дар солҳои таҳрим тавонист гомҳои баланде бардорад.

Афзоиш шаш баробарии роҳҳои кишвар; Тавсеаи банодир ва каридорҳои тиҷории чандманзура ва 20 баробар шудани зарфияти банодир,афзоиши 30 баробарии тавлиди маҳсулоти петрошимӣ ва 15 баробарии маҳсулоти фӯлодӣ, нишон аз ҳаракати рӯ ба ҷилав ва пешрафт дорад.

Инак дар остонаи вуруд ба 40-мин соли пирӯзии Инқилоб ҳастем ва бояд аз сади ҳамаи ин мушкилот убур кард. Эрон сарзамине ғанӣ аст ва сармояҳои арзишмандеро дар ихтиёр дорад. Эрон аз лиҳози манобеи табиӣ, дар ҳамаи манобеи табиӣ, саҳме беш аз як садум дорад. Рутбаи аввали Эрон дар маҷмӯи захоири нафт ва газ дар дунё ва ҳамчунин рутбаи аввали Эрон дар захоири газӣ, дар воқеъ мӯҷиби рашк, ҳасад ва доштани чашми тамаъи қудратҳои султагар ва бавижа Амрико ба Эрон шудааст.

Низоми Ҷумҳурии исломӣ беэътино ба таҳримҳои Амрикл, бо ҳушёрӣ ва дироят ва дар чорчӯби роҳбурдҳои қудрати нарми иқтисоди муқоваматӣ, ба думболи пешрафти ҳамаҷониба, истиқлол аз қудратҳои султагари ҷаҳонӣ, шукуфоии истеъдодҳо, раҳоии кишвар аз осибҳои иҷтимоӣ, иззат, амният ва иқтидори миллӣ аст. Иҷрои сиёсатҳои иқтисоди муқоваматӣ низ роҳе равшан ба сӯи ин ҳадафи муҳим ва роҳи ҳалҳи убур аз мушкилот аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дар оғози соли ҷорӣ дар иҷтимои анбӯҳи зоирон ва муҷовирони ҳарами мутаҳҳари Разавӣ (а), фармуданд: “душман дар таблиғоти васеъи худ ба думболи нисбат додани камбудҳои маишатӣ ва иқтисодӣ ба низоми Ҷумҳурии исломӣ аст, то ин гуна вонамуд кунад, ки низоми исломӣ қодир ба ҳалли мушкилот ва гиреҳгӯшоӣ аз зиндагии мардум нест”.

Бадаҳдии Амрико дар қазияи БАРҶОМ, якбори дигар нишон дод, ки ба ваъдаҳои ҳеҷ давлате дар Амрико наметавон, эътимод кард. Бояд бо таваҷҷуҳ ба бадаҳдиҳое, ки дар БАРҶОМ аз тарафи муқобил мушоҳида мешавад, гомҳои мутмаинтаре бардошта шавад.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин бора мегӯянд, “.... Сиёсатҳои иқтисод бояд сиёсатҳои «иқтисоди муқоваматӣ» бошад – як иқтисоди муқовим – бояд иқтисоде бошад, ки дар сохти дарунии худ муқовим бошад, битавонад истодагӣ кунад; Бо тағйироти гуногун дар ин гӯшаи дунё, он гӯшаи дунё муталотим нашавад; Ин чизҳо лозим аст”.