Феврал 11, 2018 18:13 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи роҳпаймоии саросарии явмуллоҳи 22 баҳман моҳи 1396

Роҳпаймоёни ойини гиромидошти 39-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ эълом карданд: Аз ҳамаи масъулону дастандаркорони низоми исломӣ мехоҳем, бо иттихози мавозеи қотеона нисбат ба эҳқоқи комили ҳуқуқ, манофеи миллӣ ва муқобила ба мисли муассир бо таҳримҳо ва иқдомоти харобкоронаи низоми султа ва ҳомиёнаш иқдомоти шуҷоона иттихоз кунанд.

Бисмиллоҳи раҳмони раҳим

Дар ин лаҳазоти оканда аз шӯру нишот ва ҳамоса, ки қалби миллионҳо инсони озода мамлу аз сурури сиву нуҳумин солгарди саросар нуру ифтихори пирӯзии инқилоби исломӣ аст ва пешрафтҳо ва дастовардҳои низоми исломии Эрон дар авҷи қуллаҳои сарбаландӣ ва ифтихор, беш аз ҳар замони дигаре ба унвони улгуи наҷотбахши ҷомеаи башарӣ, мояи мубоҳоти мусулмонону мустазъафони ҷаҳон шудааст, мо ширкаткунандагон дар роҳпаймоии бошукӯҳ ва душманшикани явмуллоҳи 22 баҳман, ки мазину ороста ба номи саида насоалоламин ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) аст, мавозеи хешро бо бонги расои тавҳидии “Аллоҳу Акбар” ва “Хоманаӣ раҳбар” ба ҷаҳонён эълом ме‌дорем :

1- Зимни таҷдиди мисоқ ва байъати халалнопазир бо ормонҳои бунёнгузори низоми муқаддаси ҷумҳурии исломии Эрон, инқилобигарӣ ва табаияти ҳамаҷониба аз раҳнамудҳои мақоми муаззами раҳбариро заминасози нашр ва басти арзишҳои маънавии инқилоби исломӣ дониста ва бар илтизоми амалӣ ба асли илоҳӣ ва мутараққии “вилояти фақеҳ” ба унвони мероси ҷовидони меъмори кабири инқилоби исломӣ таъкид мекунем .

2- Бори дигар пуштибонии қотеи худро аз муваффақиятҳои ҷавонони муъмину  мутахассиси кишвар ба хусус дар арсаи илму фанноварӣ ва саноеи боздорандаи дифоӣ ва мушакӣ эълом медорем.

3- Аз ҳамаи дастгоҳҳо мехоҳем, бо масъулиятпазирӣ барои беҳбуди шароити иқтисодии кишвар ва посухгуии содиқона ба мутолиботи барҳаққи мардум, таъмини иштиғол ва маишат ва рифоҳи мардумро дар авлавият қарор диҳанд .

4- Амрикои ҷинояткорро ҳамчунон “душмани шумораи як”-и худ дониста ва зимни ибрози хашму нафрат аз бадаҳдиҳои шайтони бузург дар нақзи мафоди тавофуқномаи ҳастаӣ ва маҳкум кардани мавозеи хасмонаи бархе мақомоти аршади аврупоӣ дар ҳамроҳӣ бо сиёсатҳои султаталабонаи шайтони бузург аз тамоми масъулини низоми исломӣ мехоҳем, то бо иттихози мавозеи қотеъона нисбати эҳқоқи комили ҳуқуқу манофеи миллӣ ва муқобила ба мисли муассир бо таҳримҳо ва иқдомоти харобкоронаи низоми султа шуҷоона иқдом кунанд .

5- Бо таъкид бар лузуми ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои исломӣ, тарҳи разилонаи сардамдорони куфрпешаи Амрикои ҷинояткор дар расмият бахшидан ба нақшаи шуми интиқоли пойтахти режими ҷаълии саҳюнистӣ ба Байтулмуқаддасро шадидан маҳкум мекунем.

6- Аз мутаваллиёни амр мехоҳем, бо сарлавҳа қарор додани адолат ва рафъи заминаҳои бурузи муъзалоти иҷтимоӣ, афзоиши эътимоди сиёсӣ, таҳкими бунёди хонавода ва ҷилавгирӣ аз табдил шудани масъалаи ҳиҷоб ба абзоре сиёсӣ, душманони мардуму инқилобро дар расидан ба аҳдофи шайтонии худ бо шикаст мувоҷеҳ созанд .

7- Аз масъулини кишвар мехоҳем, то дар рафъи мавонеи таолии моддӣ ва маънавӣ ва ҳоким сохтани фарҳанги “исор” ва “шаҳодат” аз ҳеч талоше дареғ накунанд .