Феврал 11, 2018 20:14 Asia/Dushanbe
  • Талоши муваффақи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобила бо душманони Ислом

Муфтии бахши осиёии Русия, пешрафти Ҷумҳурии Исломии Эронро сипаре мутмаин, барои мусулмонон дар муқобила бо душманони Ислом донист.

Шайх Нафиқуллоҳ Аширов, муфтии бахши осиёии Русия, дар мусоҳиба бо "Радио русии бурун марзӣ", бо ишора ба демократияи пойдор дар Эрон гуфт, ин кишвар бовуҷуди таҳримҳо ва фишорҳои зиёд тавонистааст дар байни кишварҳои исломии дигар ба пешрафтҳо ва муваффақиятҳои бисёре даст ёбад.

Вай бо ишора ба талоши душманони Ислом барои эҷоди бесуботӣ дар Эрон гуфт, ин мавзӯ ба сурати ҳадафманд аз тарафи душманони Ислом пайгирӣ мешавад, аммо мардуми Эрон ҳамчунон инқилобӣ ва тарафдори исломанд ва аз мироси Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон посдолрӣ ва аз инқилоб ва ормонҳои он, пайравӣ мекунанд.

Нафиқуллоҳ Аширов таъкид кард, гурӯҳҳои террористӣ монанди ДИИШ, ки бо ривоҷи хушунат ва рафторҳои ғайри инсонӣ, чеҳраи Исломро тахриб мекунанд, маҳсули иқдомати созмонҳои амниятӣ ва ҷосусии Ғарб ва Исроил ҳастанд.

Барчасп