Паёми табрики Алиев ба Рӯҳонӣ ба муносибати солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ
Феврал 11, 2018 20:56 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Озарбойҷон дар паёме ба раисҷумҳури исломии Эрон 39-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба давлат ва миллати Эрон табрик гуфт.
Дар паёми Илҳом Алиев ба Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст: Сатҳи болои равобити миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Эрон нишонгари тамоюли ду миллати ҳамсоя барои идомаи дӯстиҳо ва наздиктар шудан ба якдигар аст.
Раисҷумҳури Озарбойҷон дар ин паём тасреҳ кард: Баку ва Теҳрон бидуни шак ба талошҳои дуҷониба барои густариши ҳамкориҳо дар арсаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ идома хоҳанд дод .
Дар паём барои давлату миллати Эрон орзуи муваффақияту беҳрузӣ шудааст .
Барчасп