Рӯҳонӣ: Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ёрирасони ситоди миллии муқобила бо корона буданд
(last modified Sat, 31 Jul 2021 10:53:58 GMT )
Июл 31, 2021 15:53 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ёрирасони ситоди миллии муқобила бо корона буданд

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар забону амал ёрирасони ситоди миллии муқобила бо корона буданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар нишасти имрӯзи ситоди миллии муқобила бо корона гуфт: Баёнот ва амали ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бисёр кумаккунанда буд.

Рӯҳонӣ афзуд: Бо вуҷуди таҳримҳо касе ҳозир ба кумак ба Эрон набуд.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин гуфт: Ончи ниёз ба логистика дошт, бо кумаки вазоратхонаҳои самту беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва ҳамчунин ширкатҳои донишбунён таъмин шуд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт: Бо вуҷуди таҳримҳо ва пайгириҳои Бонки марказии Эрон ва соири бонкҳо ҳамчунин Вазорати хориҷа мушкил ҳал шуд ва дар айни ҳол нерӯҳои мусаллаҳ низ бо ҳамаи тавон аз ҳамон рӯзи аввал ба саҳна омаданд.

Раисҷумҳури Эрон хотирнишон кард: Ниҳодҳои дигаре чун Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, артиш, басиҷ ва ноҷо ва ҳамчунин қувваи қазоия ва маҷлис низ аз ҳамон ибтидо барои кумак ба давлат ба саҳна омаданд.

Рӯҳонӣ нақши созмони Садо ва Симои ҷумҳурии исломии Эронро дар кумак ба коҳиши шуъи вирус бисёр муассир донист ва гуфт: Садо ва Симо бояд ҳам тасмимоти давлат ва ситоди миллии муқобила бо коронаро эълом ва ҳамчунин онҳоро табйин ва мардумро ба риояти протоколҳо ташвиқ кунад, ҳамчунин бояд ҳарфҳои норавои хориҷнишинҳоро посух диҳад.

Раисҷумҳури Эрон тасреҳ кард: Расонаи миллӣ масъулияти сангине дошт ва инсофан бо ҳамаи тавон вориди амал шуд ва талош ва кӯшиши онҳо барои дастёбӣ ба аҳдоф бисёр муассир буд.