Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Эътимод ба Ғарб ҷавоб намедиҳад
(last modified Wed, 28 Jul 2021 11:59:15 GMT )
Июл 28, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Эътимод ба Ғарб ҷавоб намедиҳад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлат, дар охирин рӯзҳои фаъолияти давлати дувоздаҳум таъкид карданд: Мутлақан набояд барномаҳои дохилиро ба ҳамроҳии Ғарб мавкул ва баста кард, зеро ҳатман шикаст хоҳад хурд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе, дар охирин дидори раиси ҷумҳурӣ ва давлати дувоздаҳум бо эшон, бо табрики иди саиди Ғадир ба умуми мусулмонон, ба вижа миллати азизи Эрон, фурсати хидмат ба мардумро неъмате илоҳӣ донистанд ва гуфтанд: “Барои шукри ин неъмат бояд аз ҳамаи тавон барои пешбурди аҳдофи инқилоб истифода кард”.

Эшон дар арзёбии амалкарди давлат гуфтанд: “Амалкарди давлати оқои Рӯҳонӣ дар бахшҳои мухталиф яксон набудааст, дар бархе маворид бар тибқи интизорот буд, аммо дар бархе маворид ин гуна набуд”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ лузуми истифода аз таҷрибаҳои давлатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум дар ояндаро хотирнишон карданд ва афзуданд: “Як таҷрибаи бисёр муҳим дар ин даврон иборат аст аз беэътимодӣ ба Ғарб, ки ояндагон бояд аз он истифода кунанд. Дар ин давлат маълум шуд, ки эътимод ба Ғарб ҷавоб намедиҳад ва онҳо кумак намекунанд. Ҳар ҷо ки битавонанд зарба хоҳанд зад ва агар ҷое ҳам зарба намезананд, ба ин далел аст, ки наметавонанд”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба раиси ҷумҳурӣ ва аъзои давлат афзуданд: “Ҳар ҷо ки корҳоро машрут ба Ғарб ва музокира бо он ва Амрико кардед, номуваффақ будед ва ҳар ҷо ки бидкни эътимод ба Ғарб ҳаракат ва аз онҳо қатъи умед кардед, муваффақ будед ва пеш рафтед”.

Эшон ба музокироти ахири Вена низ ишора карданд ва зимни ибрози ризоият аз заҳамоти дипломатҳову амалкарди хуби баъзе аз онҳо дар ин музокирот гуфтанд: “Амрикоиҳо дар ин музокирот бар сари мавзеи инодомез (саркашӣ ва душмани) –и худ муҳкам истоданд ва як қадам ҳам пеш наомаданд. Амрикоиҳо дар забон ва ваъда мегӯянд, таҳримҳоро бар медорем, аммо таҳримҳоро барнадоштанд ва барнамедоранд, зимни он ки шарти ҳам мегузоранд ва мегӯянд, ки бояд дар ҳамин тавофуқ ҷумлаей бигунҷонед, ки баъдан дар бораи бархе мавзӯот суҳбат шавад, вагарна тавофуқе нахоҳем дошт”.

 

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Онҳо мехоҳанд бо гузоштани ин ҷумла, баҳонае барои дахолатҳои баъдии худ, дар бораи асли БарҶом ва масоили мушакӣ ва минтақаӣ фароҳам кунанд ва агар Эрон ҳозир ба баҳс дар бораи онҳо нашавад, бигӯяд, тавофуқро нақз кардаед ва ва тавофуқ бетавофуқ.

Пеш аз суханони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурти Эрон бо ташаккур аз ҳимоятҳову ҳидоятҳои Раҳбари инқилоб аз давлат дар тӯли давраи ҳаштсола, гузорише аз иқдомоту фаъолиятҳои давлат баён кард.

 

Бештар бихонед: