Чаро таҳримҳои нафтии Эрон номуваффақ будааст?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122834-Чаро_таҳримҳои_нафтии_Эрон_номуваффақ_будааст
Порс-Тудей. Муассисаи байналмилалии раҳгирии нафткашҳо дар гузориши ҷадиди худ эълом кард, содироти нафти хоми Эрон ба болотарин мизони худ дар ҳафт соли ахир расидааст.
(last modified 2025-11-10T09:12:33+00:00 )
Ноябр 10, 2025 14:10 Asia/Dushanbe
  • Идомаи содироти нафти Эрон ба бозорҳои ҷаҳонӣ
    Идомаи содироти нафти Эрон ба бозорҳои ҷаҳонӣ

Порс-Тудей. Муассисаи байналмилалии раҳгирии нафткашҳо дар гузориши ҷадиди худ эълом кард, содироти нафти хоми Эрон ба болотарин мизони худ дар ҳафт соли ахир расидааст.

Муассисаи байналмилалии раҳгирии нафткашҳо (tankertrackers) эълом кард: Содироти нафти хоми Эрон дар моҳи сентябри 2025 (шаҳривар/ меҳри 1404) ба ҳудуди 2 миллион бушка дар рӯз расидааст, ки болотарин мизон дар ҳафт соли ахир аст. Торнамои Муассисаи байналмилалии ТанкерТракерз дар паёме дар шабакаи “Х” навишт: Содироти нафти Эрон дар сентябри 2025 ба сатҳе расидааст, ки аз миёнаҳои соли 2018 (1397)  то кунун собиқа надоштааст.

Омори афзоиши содироти нафти Эрон дар ҳоле мунташир мешавад, ки таҳримҳои золимонаву ғайриқонунии Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар сентябри 2025 (авоили меҳри 1404) бори дигар алайҳи Эрон фаъол шуд. Амрико ва муттаҳидони аврупоӣ интизор доштанд, бозгашти таҳримҳои Созмони Милал, содироти нафти Эрон ба бозорҳое монанди Чинро таҳти таъсир қарор диҳад, аммо додаҳои ҷадид, ҳамчунин арзёбиҳои коршиносону мақомоти эронӣ бетаъсир будани ин таҳримҳо бар содироти нафти Эронро таъйид мекунад.

Муҳсини Покнажод, вазири нафти Эрон пештар гуфта буд, бозгашти таҳримҳои Созмони Милал фишори ҷадиде бар содироти нафти Эрон ворид нахоҳад кард. Покнажод бо ишора ба таҷрибаи солҳои гузашта афзуд: Эрон тавонистааст бархе аз сахттарин таҳримҳои Амрико алайҳи санъати нафтро пушти сар бигузорад.

Сунг Пэйу, сафири Чин дар Эрон низ гуфт: Иртибот байни Эрону Чин аз иқдомҳои Амрико таъсирпазир нахоҳад буд ва бо қудрат ба кори худ идома хоҳем дод. Сафири Чин дар Эрон афзуд, аз кишвари Эрон ба унвони як кишвари дӯст ҳимоят мекунем ва нахоҳем гузошт таҳримҳо дар умури кории ду кишвар хадшае ворид кунад.

Сунг Пэйу ҳамчунин гуфт: Фишорҳои ғайримантиқии Амрикоро қабул надорем ва эътиное нахоҳем кард ва мухолифати худ бо онҳоро дар амал нишон медиҳем ва нахоҳем гузошт дар таомулоти Эрону Чин халале ворид кунанд.

Таҳримҳои нафтии Эрон дар солҳои ахир ҳамвора номуваффақ будаанд, зеро Эрон тавониста бо истифода аз равишҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамкорӣ бо кишварҳои мустақил, абзорҳои дипломатӣ ва фаннӣ, масирҳои ҷойгузин барои содироти нафт эҷод кунад ва бозорҳои харидорони умдае монанди Чинро ҳифз намояд. Чин, Ҳинд ва бархе кишварҳои арабӣ низ таҳримҳои якҷонибаи Амрикоро ба расмият намешиносанд ва ба воридоти нафт аз Эрон идома додаанд.

Бозори ҷаҳонии энержӣ ба нафти Эрон ниёз дорад, зеро Эрон бо вуҷуди таҳримҳо, ҳамчунон яке аз бозигарони калидӣ дар таъмини нафти хоми бозори энержии ҷаҳонӣ аст. Содироти 2 миллион бушка дар рӯз, нафти Эрон дар сентябри 2025 нишондиҳандаи ин ҷойгоҳ аст.

Истиқболи кишварҳои мустақил аз ҳамкорӣ бо Эрон дар солҳои ахир раванди афзоишӣ доштааст. Чин бо нодида гирифтани таҳримҳои Амрико, ба воридоти нафт аз Эрон идома дода ва онро бахше аз роҳбурди энержии худ медонад. Ҳамкориҳои Эрон дар бахши энержӣ ва иқтисодӣ низ бо Русия тақвият шуда ва ба коҳиши вобастагӣ ба Ғарб кумак кардааст.

Бисёре аз кишварҳо дар Африқо, Амрикои Лотин ва Осиё низ ба дунболи манобеи энержии арзон ва мутмаин ҳастанду Эронро шарики муносибе медонанд. Бо вуҷуди таҳримҳо, Эрон тавониста зерсохтҳои тавлиду полоиши худро ҳифз кунад ва ҳатто тавсеа диҳад.

Эрон ҷойгоҳии мунҳасир ба фард дар бозори ҷаҳонии энержӣ дораду дорои чаҳорумин захоири бузурги нафт ва дуюмин захоири гази табиии ҷаҳон аст, ки онро ба як манбаи энержии стратегӣ табдил мекунад. Эрон ҳамчунин бо дастрасӣ ба халиҷи Форс, дарёи Уммон ва наздикӣ ба бозорҳои осиёӣ, тавоноии содирот ба кишварҳои мухталифро дорад.

Таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон дар соли 2025 бо шикаст мувоҷеҳ шудаанд, зеро Эрон бо истифода аз абзорҳои фаннӣ, дипломатӣ ва амалиётӣ, тавониста содироти худро ҳифз кунад ва ҳатто афзоиш диҳад. Ин муваффақият нишондиҳандаи қудрати иқтисодӣ, ҳушмандии роҳбурдӣ ва ҷойгоҳи геополитикии Эрон дар бозори ҷаҳонии энержӣ аст.

Бо тавваҷуҳ ба сиёсати хориҷии муваффақ ва истиқболи кишварҳои мухталиф барои хариди нафт аз Эрон ва таҷрибаи муассир дар давр задани таҳримҳои якҷонибаи Амрико ва Ғарб, Эрон ҷойгоҳи худ дар бозори энержии ҷаҳониро бо муваффақият тасбит кардааст.