Бозхонии ҷиноёти Ғарб| Ҷиноёти Британия дар Зелландияи Нав
-
Коллексиюни истеъморгарони англис аз сари бумиёни Зелландияи Нав, ки дар набард бо мутаҷовизони англис кушта шудаанд. 1895
Порс-Тудей. Британия дар давраи истеъмори Зелландияи Нав муртакиби ҷиноёте шуд, ки осори он то имрӯз дар ҷомеаи маориҳо ва сохтори сиёсии ин кишвар боқӣ мондааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар қарни нуздаҳум, бо густариши нуфузи императории Британия дар уқёнусия, Зелландияи Нав ба яке аз аҳдофи аслии истеъморгарони бритониёӣ табдил шуд. Вуруди муҳоҷирони аврупоӣ ва имзои Аҳдномаи Вайтангӣ дар соли 1840 миёни намояндагони Британия ва бархе қабоили маорӣ, оғозгари даврае аз даргириҳои хунин ва беадолатиҳои густарда буд. Ин аҳднома қарор буд ҳуқуқи маориҳоро ҳифз кунад, аммо дар амал ба абзоре барои султаи комили Британия табдил шуд.
Ҷангҳои истеъморгарона алайҳи қабоили маорӣ:
Пас аз имзои аҳднома, ихтилофот бар сари тафсири бандҳои он оғоз шуд. Бо вуҷуди ваъдаҳои аввалия, дар хусуси ҳифзи ҳуқуқи бумиён, давлати Британия ба суръат сиёсатҳоеро дар пеш гирифт, ки мунҷар ба мусодираи заминҳои қабилаӣ ва тазъифи сохтори иҷтимоии маориҳо шуд. Дар вокуниш ба ин иқдомот, қабоили маорӣ муқовимат карданду ҷангҳое миёни онон ва неруҳои бритониёӣ дар гирифт, ки ба “ҷангҳои Нюзелланд” маъруф шуданд. Ин ҷангҳо, ки аз соли 1845 то 1872 идома дошт, бо хушунати шадид ҳамроҳ буд ва ҳазорон нафар аз бумиён кушта, захмӣ ё овора шуда ва рустоҳову заминҳои кишоварзӣ ба оташ кашида шуд. Дар ҷараёни ин даргириҳо, артиши Британия аз тактикаҳое чун сӯзондани рустоҳо, тахриби манобеи ғизоӣ истифода кард ва бисёре аз раҳбарони маорӣ зиндонӣ ё эъдом шуданд. Ҳамчунин, пас аз поёни ҷангҳо, заминҳои васеъе аз маориҳо мусодира ва ба муҳоҷирони аврупоӣ вогузор шуд, ки муҷиби фақри густарда ва нобудии иқтисоди суннатии бумиён шуд.
Оморҳои таърихӣ нишондиҳандаи талафоти сангин дар ҷангҳои мавсум ба “ҷангҳои Нюзелланд” бо тавваҷуҳ ба ҷамъияти бумиён ҳастанд.
Ҷангҳои шимолӣ (1845-1846)
Маҳал: Минтақаи Bay of Islands
Сабаб: Эътирози маориҳо ба коҳиши қудрати сиёсӣ ва иқтисодиашон пас аз имзои аҳдномаи Вайтанг
Талафот: Ҳудуди 94 кушта аз неруҳои бритониёӣ, ҳудуди 28 кушта аз маориҳо дар набарди Ohaeawai
Ҷангҳои ҷануб (1847-1848)
Маҳал: Минтақаи Веллингтон
Сабаб: Ихтилоф бар сари моликияти заминҳои қабилаӣ
Талафот: Ҳудуди 15 кушта аз маориҳо, ҳудуди 11 кушта аз неруҳои юритониёӣ
Ҷангҳои Таранаки (1860-1861)
Маҳал: Минтақаи Таранаки дар Ҷазираи Шимолӣ
Сабаб: Муқовимати қабилаӣ дар баробари мусодираи заминҳо
Талафот: Беш аз 200 кушта аз маориҳо, ҳудуди 100 кушта аз неруҳои бритониёӣ ва муҳоҷирони аврупоӣ
Ҷангҳои Вайкато (1863-1864)
Маҳал: Минтақаи Вайкато
Сабаб: Муқобила бо ҷунбиши подшоҳии маориҳо
Талафот: Ҳудуди 500 кушта аз маориҳо, ҳудӯди 230 кушта аз неруҳои бритониёӣ ва муттаҳидонашон
Ҷангҳои Шарқ (1865-1872)
Маҳал: Манотиқи шарқии Ҷазираи Шимолӣ
Сабаб: Саркӯби ҷунбишҳои мазҳабӣ ва сиёсии маориҳо монанди ҷунбиши Пйи Морира
Талафот: Беш аз 300 кушта аз маориҳо, ҳудуди 100 кушта аз неруҳои давлатӣ
Бар асоси баровардҳои таърихӣ, маҷмӯи талафоти ҷангҳои Зелландияи Нав ба шарҳи зер аст: маориҳо беш аз 2000 кушта ва неруҳои бритониёӣ ва муҳоҷирон ҳудуди 800 кушта доданд. Албатта, ин оморҳо шомили кушташудагони мустақим дар набардҳост ва талафоти ғайримустақими ношӣ аз оворагӣ, беморӣ ва қаҳтиро дар бар намегирад.
Мусодираи заминҳо ва нобудии иқтисоди бумӣ:
Яке аз ҷиноёти бузурги Британия дар Зелландияи Нав, мусодираи густардаи заминҳои маориҳо буд. Бо тасвиби қавонини истеъморӣ, заминҳои қабилаӣ ба моликияти давлати Британия даромад ва ба муҳоҷирони аврупоӣ вогузор шуд. Ин иқдом:
Иқтисоди суннатии маориҳоро нобуд кард.
Муҷиби фақр ва бехонумонии густарда дар миёни бумиён шуд.
Сохтори иҷтимоии қабоилро аз ҳам пошид.
Талош барои нобудии фарҳангӣ ва ҳувиятӣ:
Истеъмори Британия танҳо ба ҷанбаҳои низомиву иқтисодӣ маҳдуд набуд. Илова бар ҷанбаҳои низомӣ, истеъмори фарҳангӣ низ ба шиддат эъмол шуд. Сиёсатҳои фарҳангӣ низ бо ҳадафи ҳамгунсозии маориҳо бо фарҳанги бритониёӣ иҷро шуд:
Омӯзиши забони англисӣ ба ҷои забони маорӣ дар мактабҳо иҷборӣ шуд.
Ойинҳову суннатҳои бумӣ мамнуъ ё таҳқир шуданд.
Кӯдакони маорӣ аз хонаводаҳояшон ҷудо ва дар мактабҳои шабонарӯзии бритониёӣ тарбият шуданд. Ҳамин амр дар бораи бумиёни Канада низ рух додааст.
Ин иқдомот, наслҳое аз маориҳоро аз решаҳои фарҳангиашон ҷудо карду муҷиби буҳрони ҳувиятӣ шуду осори равонӣ ва иҷтимоии амиқе барҷой гузошт. Имрӯза, бисёре аз маориҳо ҳамчунон бо паёмадҳои ин ҷиноёт дасту панҷа нарм мекунанду хоҳони адолати таърихӣ ва ҷуброни хисорот ҳастанд.
Бар асоси иттилои Википедиа, дар соли 1769 танҳо 120 ҳазор маориҳо зинда боқӣ монда буданд ва ин рақам дар соли 1896 ба 42 ҳазор нафар коҳиш пайдо кард.
Беадолатии қазоӣ ва табъизи ниҳодинашуда:
Дар давраи истеъмор, низоми қазоии Зелландияи Нав ба шиддат табъизомез буд:
Маориҳо дар додгоҳҳо намояндае надоштанд.
Қавонини замину моликият ба нафъи муҳоҷирони аврупоӣ танзим шуда буд.
Муҷозотҳои сангин барои эътирозоти бумиён эъмол мешуд.
Ин беадолатиҳо эътимоди маориҳо ба ниҳодҳои давлатиро аз байн бурду шикофи иҷтимоии амиқе эҷод кард.
Паёмадҳои равониву иҷтимоии истеъмор:
Ҷиноёти Британия дар Зелландияи Нав паёмадҳои баландмуддате дошт:
Афзоиши мизони худкушӣ ва эътиёд дар ҷавомеи маорӣ
Коҳиши сатҳи омӯзишу саломат дар миёни бумиён
Эҳсоси тардшудагӣ ва беҳувиятӣ дар наслҳои баъдӣ
Ин паёмадҳо ҳанӯз ҳам дар оморҳои иҷтимоии Зелландияи Нав қобил мушоҳидаанду нишондиҳандаи захмҳои амиқи истеъмор ҳастанд.