Ҳунари пешдастӣ дар меҳрубонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i122826-Ҳунари_пешдастӣ_дар_меҳрубонӣ
Порс-Тудей. Дар фарҳанги исломӣ меҳрубонии воқеӣ - яъне пешдастӣ дар рафъи ниёзи дигарон, пеш аз он ки маҷбур ба дархост шаванд. Ин ҳунари зиндагии ҷамъӣ аст, ки ҷомеае саршор аз каромат месозад.
(last modified 2025-11-10T06:13:14+00:00 )
Ноябр 10, 2025 11:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳунари пешдастӣ дар меҳрубонӣ
    Ҳунари пешдастӣ дар меҳрубонӣ

Порс-Тудей. Дар фарҳанги исломӣ меҳрубонии воқеӣ - яъне пешдастӣ дар рафъи ниёзи дигарон, пеш аз он ки маҷбур ба дархост шаванд. Ин ҳунари зиндагии ҷамъӣ аст, ки ҷомеае саршор аз каромат месозад.

Яке аз муҳимтарин маҳоратҳое, ки метавонад ҷомеае саршор аз каромат ва иззат бисозад, дарки ногуфтаҳост.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар фарҳанги исломӣ яке аз муҳимтарин нишонаҳои булуғи фикрӣ тавоноии фаҳмидани дардҳое аст, ки гоҳе дардмандон бар забон намеоваранд. Ҳамон ки имом Алӣ алайҳиссалом фармуд: “Агар касе аз ниёзи бародараш огоҳ буд, ӯро ба сахтӣ ва заҳмати дархост кардан наяндозад”. Ба иборати дигар, ниёзи бародаратро пеш аз онки ба забон оварад, бубин ва посух бидеҳ.

Дар фарҳанги исломӣ муъминон бояд қабл аз дархост ниёзи якдигарро бартараф кунанд. Дар ин фарҳанг, ҳунар зиндагии ҷамъӣ аст. Дар зиндагии ҷамъӣ ҳамкешони инсон бародарони ӯ ҳастанд. Дар ин зиндагӣ ҳунар на фақат рафъи ниёзҳои шахсиву фардӣ, балки дидани ногуфтаҳои дилҳост.

Дар дунёи пуршитоби имрӯз чӣ бисёр ниёзҳое, ки дар пушти сукути афрод пинҳон мемонанд; ҳамкоре ки аз тарси таҳқир, кумак намехоҳад ё ҳамсояе ки аз рӯи иззати нафс  гуруснагиро таҳаммул мекунад. Аммо каломи васии паёмбари Ислом ба мо меомӯзад, ки меҳрубонии воқеӣ пешдастӣ кардан дар он аст. Мунтазир набошем дигарон дасти ниёз ба самти мо дароз кунанд. Чашмонамонро бояд боз кунем то дардҳоро дар чеҳраҳо бихонем, тарсҳоро дар нигоҳҳо бубинем ва танҳоиҳоро дар сукутҳо бишнавем.

Ин фарҳанг, ҷомеае месозад, ки дар он ҳеҷ кас барои дарёфти ҳаққаш хор намешавад, кумак кардан пеш аз қазоват кардан меояд ва каромати инсонӣ болотарин арзиш аст.