Рӯҳонӣ: Осори пирӯзӣ дар музокираро дар иқтисод дидем
(last modified Sun, 01 Aug 2021 07:59:18 GMT )
Август 01, 2021 12:59 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Осори пирӯзӣ дар музокираро дар иқтисод дидем

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард, осори пирӯзӣ дар музокираро дар иқтисод дидем.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳурии Эрон имрӯз якшанбе дар охирин ҷаласаи ҳайати давлати давоздаҳум гуфт, музокира накардем, ки танҳо дар сиёсат пирӯз шавем, балки осори онро дар иқтисод низ дидем.

Рӯҳонӣ афзуд, ҳадафи бисёр баланде, ки ҳама бояд дунбол кунем ваҳдати миллӣ аст.

Вай хотирнишон кард, дар музокирот дипломатҳои қавӣ ва тавонманд ва ҳуқуқдонҳои тавонманде дар хати муқадами ин кор дорем, ки дидем дар мақотеъи бисёр ҳассос ба пирӯзӣ раседем.

Рӯҳонӣ дар идома гуфт, тавсеъаро раҳо накардем.

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, тамоми талошамонро кардем то айбу нақсе дар ин муддат вуҷӯд надошта бошад ва агар айбу нақсе доштем аз мардум узрхоҳӣ ва талаби афв ва раҳмат мекунем.