Феврал 12, 2018 15:39 Asia/Dushanbe
  • Даъвати раиси ҷумҳурии Эрон ба иҷлоси Созмони Ҳамкории Шангхай

Сафири Эрон дар Пекин гуфт, аз раиси ҷумҳурии Эрон барои ширкат дар иҷлоси Созмони Ҳамкории Шангхай дар Чин даъват шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Алиасғари Хоҷӣ, сафири Эрон дар Чин шомгоҳи якшанбе дар ҷашни сивунуҳумин Солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Пекин афзуд, Чин бо хариди солона беш аз 31 миллион тон нафт, бузургтарин харидори нафти Эрон ва ҳамчунин бузургтарин мақсади содироти колоҳои ғайринафтии ҷумҳурии исломӣ аст.

Сафири Эрон дар Пекин гуфт, дар соли 2017 равобити тиҷории ду кишвар бо рушди 18.9 дарсадӣ ба 37 миллиарду дусад миллион доллар расид.

Вай бо ишора ба дастовардҳои инқилоби исломӣ гуфт, Эрон дар бархе улуми пешрафта муваффақиятҳову дастовардҳои чашмгире доштааст ва ҳамакнун дар ҳавзаи илму фанноварӣ Эрон дорои рутбаи нахуст миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ва  рутбаи шонздаҳуми ҷаҳонӣ аст.

Алиасғари Хоҷӣ, сафири Эрон дар Чин ҳамчунин гуфт, Эрон дар заминаи фанноварии нано рутбаи шашум ва дар заминаи зисти фанноварӣ (биотехноложи) ҳам рутбаи чаҳордаҳуми ҷаҳониро дорост.