Август 26, 2016 16:36 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Муқовимат рамзи пойдори давлати қонунии Сурия аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон эъҷози муқовимат дар панҷ соли гузаштаро монеи суқути давлати қонунии Сурия донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козимии Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ёдоварии талошҳои ҳамаҷонибаи дунёи истикбор ва саҳюнист барои тағйири давлати Сурия афзуд: "Муқовимат рӯ ба иқтидор аст ва ба зудӣ хатари такфир дар минтақа нобуд ва решакан хоҳад шуд".

Хатиби ҷумъаи Теҳрон дар бораи идомаи ҷиноёти режими кӯдаккуши Оли Сауд дар Яман ва куштори мардуми бегуноҳи ин кишвар ҳам гуфт: "Арабистон бо вуҷуди бомбаборони ҳамаҷонибаи Яман ва нобудии зерсохтҳои ин кишвар натавонистааст ба ҳеҷ кадом аз хостаҳояш даст пайдо кунад".

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ ташкили Шӯрои сиёсӣ дар Яманро идомаи роҳи муқовимат баробари мутаҷовизон донист ва ибрози умедворӣ кард, ба зудӣ давлати қонунии Яман истиқлол пайдо кунад ва Арабистон ва давлатҳои ҳомии ин кишвар ба сазои аъмоли худ бирасанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо гиромидошти Ҳафтаи давлат дар Эрон, аз талошҳои давлат барои тавсеаи ин кишвар ва ҳалли мушкилоти мардум қадрдонӣ кард.