Паёми таслияти Руҳонӣ ба Путин ба муносибати сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i29941-Паёми_таслияти_Руҳонӣ_ба_Путин_ба_муносибати_сониҳаи_суқути_ҳавопаймои_мусофирбарӣ
Раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Русияро ба раиси ҷумҳури ин кишвар ва хонаводаҳои қурбониён таслият гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 14, 2018 10:50 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Руҳонӣ ба Путин ба муносибати сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Русияро ба раиси ҷумҳури ин кишвар ва хонаводаҳои қурбониён таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ- раиси ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар ин паём  бо ибрози таслият ва эъломи ҳамдардӣ бо Владимир Путин ва хонаводаҳои қурбониёни ин сониҳа саломатӣ, муваффақият, сарбаландӣ ва беҳрӯзии давлат ва мардуми Русияро орзӯ кард.

Як ҳавопаймои АН-148 Русия бо 71 сарнишини он асри якшанбе пас аз бархостан аз фурудгоҳи Домодедово наздики Маскав пойтахти ин кишвар суқут кард.

Ин ҳавопаймо аз ширкати хутути ҳавоии Саратови Русия буда ва аз Маскав ба шаҳри Орски ин кишвар сафар мекард.