Август 26, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тунди вазири хориҷаи Эрон ба изҳороти Ҷон Керри

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, замони он фаро расидааст, ки давлати Амрико аз иштибоҳоти ошкори қаблии худ дар Сурия ва Ироқ ибрат бигирад ва чашмони худро бар воқеиёт ва ҳақоиқи мавҷуд боз кунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон бо радди изҳороти Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Амрико дар хусуси таҳдидоти Эрон афзуд: "Бетардид вазири умури хориҷаи Амрико ба хубӣ, беҳтар аз дигарон медонад, ки давлати Саудӣ дар якуним соли гузашта ҳамвора ва ҷиддан, тамоми талошҳо барои барқарории оташбас дар Яманро бо шикаст мувоҷеҳ карда ва ноком гузоштааст".

Зариф суханони вазири умури хориҷаи Амрико, ки Эронро муттаҳам ба ирсоли таҷҳизоти низомӣ ба Яман кардааст, иттиҳомоти бепоя ва асос дониста ва таъкид кард, давлати Амрико бо баёни ин изҳорот, худро дар ҷиноёти ҷангии зиддиинсонӣ ва кӯдаккуши режими Саудӣ алайҳи мардуми бегуноҳ ва мазлуми Яман шарик кардааст ва бешак бо пазириши ин масъулият бояд посухгӯи тамоми ин ҷиноёти зиддибашарӣ бошад.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳамон гуна, ки борҳо эълом шудааст, тавони низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷгоҳ таҳдиде барои ҳеҷ як аз кишварҳо нест ва сирфан ҷанбаи дифоӣ дорад.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон афзуд, он чӣ минтақа ва ҷаҳонро имрӯз таҳдид мекунад, мабонии фикрӣ ва манобеи молӣ ва сиёсии терроризми такфирӣ дар ҷаҳон аст, ки вазири умури хориҷаи Амрико ба хубӣ бояд аз маншаъ ва илали он огоҳ бошад.

 

Барчасп