Баргузории маросими азодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар саросари Эрон
(last modified Tue, 20 Feb 2018 12:16:02 GMT )
Феврал 20, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими азодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар саросари Эрон

Маросими азодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари гиромии паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абутолиб (а) бо ҳузури густардаи азодорон дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Имрӯз сешанбе сеюми ҷамодиалсонии 1439 ҳиҷрии қамарӣ ба ривояте солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аст .

Иродатмандони аҳли байти исмату таҳорат (а) бо ҳузури густарда дар масоҷид, ҳусайния‌ҳо, амокини мазҳабӣ ва ҳамчунин боргоҳи малакутии ҳазрати имом Ризо (а) имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон дар Машҳади муқаддас ва ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри Қум дар ойини сугвории шаҳодати мазлумонаи духтари набии акрам (с) ашки мотам рехтанд .

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бистуми ҷамодиалсонии соли панҷуми беъсат дар Маккаи мукаррама чашм ба ҷаҳон гушуданд. Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аз кӯдакӣ таҳти роҳнмоиҳои падари гиромияшон, паёмбари акрам (с) бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд .

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз 18 соли зиндагӣ бар асари зулмҳои фаровони ҳокимони вақт ва ранҷу ғами вафоти падараш ҳазрати Муҳаммад (с) ба ривояте дар 13 ҷамодиалаввал ва ё сеюми ҷамодиалсонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.