Феврал 21, 2018 22:15 Asia/Dushanbe
  • Беэҳтиромии футбалистҳои Саудӣ ба қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Эрон

Бозикунони тими Алҳилоли Арабистони Саудӣ дар оғози мусобиқа бо тими Истиқлоли Эрон дар иқдоме ғайриахлоқӣ ба ҷонибохтагони сониҳаи ҳавопаймоӣ дар Эрон беэҳтиромӣ карданд.

Бозикунони Алҳилол як дақиқа сукутро пеш аз дидор бо тими Истиқлол ба муносибати ҷонбохтани теъдоде аз шаҳрвандони эронӣ дар ҳодисаи суқути ҳавопаймо напазируфтанд.  

Дар ҳоле, ки бозикунони Истиқлол ва доварони бозӣ дар маркази замин истода буданд, бозикунони Алҳилол дар замини худ пароканда буданд.  

Мама Баба Тиам, бозикуни сенегалии Истиқлол аз рафтори бозикунони Алҳилол ибрози таассуф кард.