Панҷуми исфанд - Рӯзи бузургдошти Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва Рӯзи муҳандис
Имрӯз (шанбе), панҷуми исфандмоҳ (24 феврал), рӯзи бузургдошти Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ба номи Рӯзи муҳандис дар тақвими миллии Эрон номгузорӣ шудааст.
Хоҷа Насируддини Тӯcӣ аз уламои ҷомеи Эронзамин аст, ки дар соли 597-и ҳиҷрии қамарӣ мутаваллид шуд ва дар маорифи замони худ, ба вижа дар ҳикмат ва риёзӣ устоди мусаллам буд.
Таъсиси “Расадхона Мароға” аз иқдомоти ин олими эронӣ аст. Расадхонае, ки бо бист мунаҷҷим аз саросари дунёи Ислом ва таҳти сарпарастии худи вай, эҳтимолан нахустин расадхонаи ҷаҳон ба маънии воқеии калима будааст.
Хоҷа Насируддин илова бар таълифи мақолоти илмӣ ва талошҳое дар басти улуми мухталиф, вуҷудаш маншаи хидмати бисёр муҳиме ба маорифи башарӣ будааст.
Вай ба хотири нуфузе, ки дошт, бисёре аз кутуби нафиси даврони худро аз нобудӣ наҷот дод ва дар китобхонае нигаҳдорӣ кард.
Китобҳои ин китобхона болиғ бар чаҳорсад ҳазор ҷилд будааст.
Ҳамчунин нуфуз ва манзалаи вай боиси наҷоти ҷон бисёре аз фузало ва уламои он даврон аз теғи муғулон шуд.
Хоҷа Насируддин дар соли 672 –и ҳиҷрии қамарӣ дар Бағдод вафот ёфт ва дар ҷавори ҳарами ҳазрати Имом Мӯсо Козим (а) дар шаҳри Козимайни Ироқ ба хок супурда шуд.
Кутуб ва расолоте беш аз 60 асар ба номи ин олими эронӣ сабт шудааст, ки аз ҷумлаи он метавон ба “Шарҳи ишорот ва танбеҳот дар ҳикмат”, “Ахлоқи Носирӣ”, “Асос-ул-иқтибос дар мантиқ” ва “Таҳрири Уқлидус дар ҳандаса” ишора кард.
Хоҷа Насируддини Тӯcӣ аз муассиртарин чеҳраҳои илмии дунёи Ислом ба шумор меравад.
Панҷуми исфанди ҳар сол Рӯзи бузургдошти ин донишманди бузург аст, ки ба номи “Рӯзи муҳандис” низ номгузорӣ шудааст.