Август 27, 2016 12:28 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Кох Сафед аз рӯбарӯии новҳои амрикоӣ бо қоиқҳои тундрави Эрон дар рӯзҳои ахир ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориш хабаргузории "Форс", Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи ҷумъа дар конфронси хабарие ба рӯбарӯии новҳои амрикоӣ бо қоиқҳои тундрави Эрон дар халиҷ Форс ва тангаи Ҳурмуз вокуниш нишон дод ва гуфт: "Иқдоми қоиқҳои эронӣ дар рӯбарӯӣ бо киштиҳои Амрико дар халиҷи Форс муҷиби нигаронӣ аст".

Мақомҳои дифои Амрико дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе эълом карданд, қоиқҳои тундрави эронӣ дар чанд ҳодисаи ҷудогона ба киштиҳои амрикоӣ наздик шудаанд.

Питер Кук, сухангӯи Пентагон низ дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин ки қоиқҳои эронӣ бо суръати зиёд худро ба фосилаи ҳудуди 300 метрии новшикани амрикоӣ расониданд, гуфт: "Низомёни нерӯи дарёӣ маҷбур шуданд барои ҳушдор ба қоиқҳои эронӣ се тири ҳавоӣ (ҳушдор) шиллик кунанд".

Сардори сартип Ҳусайни Деҳқон, вазири дифои Эрон, амалиёти чаҳор қоиқи тундрави эрониро бахше аз вазифаи воҳидҳои дарёӣ барои таъмини амнияти ин кишвар дар дарё ва назорат бар шиноварҳои бегона донистааст.

Нозирони минтақаӣ муътақиданд, ҳузури низомии нерӯи дарёии Амрико дар тангаи Ҳурмуз, дар халиҷ Форс, бесуботиро ба ҳамроҳ доштааст.

 

Барчасп