Феврал 24, 2018 18:45 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи аввали минтақаии Эрон дар рушди дастовардҳои илмӣ

Вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли ҳозир аз назари рушд ва интишори дастовардҳои илмӣ, рутбаи аввали минтақа ва рутбаи 16 дунёро дорад.

Мансури Ғуломӣ, вазири улум,таҳқиқот ва фанноварии Эрон рӯзи шанбе дар 31-умин ҷашнвораи байналмилалии Хоразмӣ дар Теҳрон, афзуд, Эрон бо доштани як дарсад ҷамъияти ҷаҳон, 1/9 дарсад мақолоти байналмилалиро тавлид кардааст ва 2/9 дарсад мақолоти пуристиноди ҷаҳонро устодон ва пажӯҳишгарони эронӣ, ироа кардаанд.

Ғуломӣ гуфт, Ҷумҳурии исломӣ дар арсаи илм ва фанноварӣ ҳамвора ҳузур дорад ва дар фанновариҳои ҷадид бо вуҷуди тӯлонӣ набудани ҳузури Эрон дар муқоиса бо кишварҳои тавсеа ёфтаи дунё, иқдомоти бисёр арзандае дар солҳои ахир сурат гирифта ва дар ҳоли анҷом аст.

Вазири улум,таҳқиқот ва фанноварии Эрон, бо баёни инки дар соли пеши рӯ бо таваҷҷуҳ ба бистарҳои эҷод шуда ва пуштибониҳои мавҷуд, содироти маҳсулоти фанноварона аз поркҳои илм ва фанноварии Эрон аз мизони 230 миллион доллар фаротар хоҳад рафт, гуфт, пуштивонаи аслӣ дар ин тавфиқот ва уфуқи равшани ояндаи он, зисти буми навоварии Эрон аст, ки аз ҷамъи бузурги аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо, донишҷӯён бавижа донишҷӯёни таҳсилоти такмилӣ, ташкил шудааст.