Тавлиди як радиодоруи дармонии ҷадид дар Созмони энержии атомии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i30429-Тавлиди_як_радиодоруи_дармонии_ҷадид_дар_Созмони_энержии_атомии_Эрон
Мутахассисони эронӣ муваффақ ба тавлиди як радиодоруи дармонии ҷадид шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 25, 2018 10:25 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди як радиодоруи дармонии ҷадид дар Созмони энержии атомии Эрон

Мутахассисони эронӣ муваффақ ба тавлиди як радиодоруи дармонии ҷадид шуданд.

Ба гузориши равобитумумии Созмони энержиии атомии Эрон, радиодоруи “Y-90 resin microspheres” ҷиҳат дармони саратони кабед (ҷигар)-и метастатич (метастатический рак печени) ва ҳамчунин барои дармон саратони кабеди аввалия ё “HCC” ба кор меравад.

Дар ҳоли ҳозир танҳо тавлидкунандаи ин радиодору дар ҷаҳон, ширкати австролиёии “Sirtex” аст, ки бо номи тиҷории “Sirsphere” тавлид ва ба ҷаҳониён арза мешавад.

Радиодоруи сохти мутахассисони эронӣ, ахиран тавониста муҷаввизи “FDA”- ро касб кунад ва ҳар доз (варақаи)-и тазриқии он дар хориҷ аз Эрон, ҳудуди панҷ то ҳашт ҳазор евро арзиш дорад.

Ширкати "Pars Isotope" тавлидкунандаи ин радиодору, аз ҳудуди се соли пеш корҳои таҳқиқотӣ барои тавлиди онро оғоз кард ва фозҳои озмоишгоҳии онро бо муваффақият, сипарӣ кард.

Кишварҳои хориҷӣ, мутақозии хариди ин радиодору ҳастанд.