Феврал 26, 2018 17:10 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Давлати Англия дар ҷанги Яман аз мутаҷовиз ҳимоят мекунад

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Давлати Англия бархилофи шиорҳо барои поёни ҷанг дар Яман, аз мутаҷовиз ҳимоят мекунад.

Баҳроми Қосимӣ дар нишасти хабарӣ дар бораи қатъномаи пешниҳодии Англия дар бораи Яман бо ин иддао, ки Эрон таҳрими таслиҳоти Яманро нақз кардааст, гуфт: Давлати Англия рафтори носодиқонае дорад.

Ӯ афзуд: Талош мешавад, аз фурсатҳои пешомада барои кумак ба бурунрафти Яман аз ҷанг истифода шавад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ихтилофи назари Эрон ва Туркия дар хусуси вуруди низомиёни турк ба шимоли Сурия ва идомаи ҷанг дар Африн афзуд: Дар гуфтугӯҳои раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия дар рӯзҳои гузашта қарор шуд, се кишвар дар моҳи май дар Туркия дидор ва вазирони умури хориҷаи се кишвар низ дар масири раванди Остона музокироте дошта бошанд.

Ба гуфтаи вай, ин музокирот дар ҳалли ихтилофи назарҳо муассир аст ва дар талош барои бозгашти оромиш ва мубориза бо терроризм дар Сурия кумаккунанда хоҳад буд.

Сухангуи дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи нишасти имрӯзи Шӯрои амнияти Созмони милал дар бораи Яман низ гуфт: Ончи мадди назари ҷумҳурии исломии Эрон буда, таваққуфи таҷовуз ба Яман аст ва судури қатъномаҳо кумаке ба вазъияти сулҳ ва субот дар Яман нахоҳад кард.