Август 27, 2016 15:02 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҷоми куҳани эронӣ дар ковишҳои бостоншиносӣ дар Русия

Бостоншиносон ва ковишгарони Русия тавонистаанд дар минтақаи Ямали ин кишвар, ки ҳамҷавори қутби шимол аст, ашёи марбут ба қарни 9 то 11 мелодиро кашф кунанд, ки яке аз онҳо ҷоми куҳани эронӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, ин ашё ҳангоми ковишҳои бостонӣ дар манотиқи ҳамҷвори қутби шимоли Русия, дар маркази минтақаи худмухтори Ямало-Ненетский ба даст омадааст.

Андрей Гусев, коршиноси аршади бостоншиносии Маркази мутолеоти қутбии Русия дар ин бора гуфт: "Кашфи "ҷоми порсӣ" дар ин минтақа бесобиқа будааст ва нишон медиҳад, ки мумкин аст ҳамроҳи корвони бозаргонони эронӣ ба ин минтақа оварда шуда бошад".

Гусев афзуд: "Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳамроҳи ҷоми кашфшуда теъдоди зиёде зарфҳои саромик (керамикӣ) ва ашёи дигар ба даст омадааст, метавон ҳадс зад, он замон дар ин минтақа урдугоҳе барпо будааст".

Коршиносони рус эълом кардаанд, ки таъйини дақиқи пешинаи ашёи кашфшуда, ба вижа "ҷоми порсӣ" пас аз поёни таҳқиқоти илмӣ ва таърихӣ, бо ҳузури 12 донишманд ва коршиноси аршад аз панҷ пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии Русия мушаххас хоҳад шуд.