Феврал 28, 2018 20:41 Asia/Dushanbe
  • Намоиши филми эронии Муҳаммад Расулаллоҳ (с) дар Босния ва Ҳерсеговина

Маросими ифтитоҳияи ҳафтаи филми Эрон дар Босния ва Ҳерсеговина дар Сараево бо намоиши филми Муҳаммад Расулаллоҳ (с) оғоз шуд.

Алӣ Асғари Омирӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Босния аз истиқболи шаҳрвандони боснияӣ аз филми Муҳаммад Расулаллоҳ (с), сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, коргардони эронӣ ибрози хурсандӣ кард.

Омирӣ гуфт: Ройзани фарҳангии Эрон дар Босния ва Ҳерсеговина ба муносибати вуруд ба чиҳилумин соли пирӯзии инқилоби исломии Эрон, ҳафтаи филми Эронро бо ҳамкории бархе ниҳодҳои фарҳангӣ ва синамои ин кишвар баргузор мекунад.

Қарор аст, дар ҳафтаи филми Эрон дар Босния ва Ҳерсеговина филмҳои “Ба ҳамин содагӣ”, “Фасли Наргис”, “Як ҳаба қанд” ва “Рӯзҳои зиндагӣ” барои алоқамандон ба синамои Эрон ба намоиш дарояд.

Филми синамоии Муҳаммад Расулаллоҳ, ки ба даврони кӯдакии паёмбари акрам (с) мепардозад, токунун дар чандин кишвари исломӣ ва ғайриисломӣ ба намоиш даромадааст.