Март 03, 2018 11:13 Asia/Dushanbe
  • Сохти сомонаи мушакии “Бовар- 373” бо илм ва дониши эронӣ

Фармондеҳи қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиё (с)-и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, сомонаи мушакии “Бовар- 373” бо ҳимояти донишмандони ҷавони эронӣ сохта ва омода шудааст.

Амири сартип Фарзоди Исмоилӣ афзуд, ин сомонаи мушакӣ аз назари короӣ беҳтар аз сомонаи мушакии “С- 300” аст.

Сомонаи роҳбурдии мушакии “Бовар – 373” тавоноии раҳгирӣ ва даргирӣ бо аҳдофи мутанаввеъро дорад ва илова бар қобилияти даргирӣ бо аҳдофи аэродинамикӣ (ҳавопаймоҳо), тавоноии даргирӣ бо мушакҳои баллистик, куруз ва дигар мушакҳоро ба беҳтарин шакли мумкин дорост.

Ин сомонаи падофанди ҳавоии дурбурди мушакӣ ҳамонанди намунаҳои хориҷии худ, дорои маъмурияти мушобеҳ будааст ва илова бар иттисоли радарҳои ҳушдори зудҳангом аз радарҳои мухталифе низ дар оташбори худ баҳра мебарад.

 

Барчасп