Март 04, 2018 13:02 Asia/Dushanbe
  • Кашфи қуттии сиёҳи ҳавопаймои мусофирбарии Теҳрон - Ёсуҷ

Қуттии сиёҳи ҳавопаймои мусофирбарии Теҳрон – Ёсуҷ дар иртифооти Дено, ҷанубу ғарби Эрон, кашф шуд.

Як ҳавопаймои “ATR”, мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Осмон», 18-уми феврал дар масири Теҳрон ба Ёсуҷ (ҷанубу ғарби Эрон) дар минтақаи «Денокӯҳ», суқут кард ва ҳамаи 66 сарнишини он, ҷон бохтанд.

Неруҳои имдодӣ ҳамчунон дар ҳоли шиносоии ҷасадҳои мусофирони ин ҳавопаймо ҳастанд.